Суҳбати телефонӣ

№90 (4040) 25.07.2019

24 июли соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ намуданд.

Сарвари давлати мо бо таманниёти сидқии сиҳатмандии бардавом, комгорӣ дар фаъолият ва хушрӯзии комил Президенти Ӯзбекистони дӯстро бо ҷашни зодрӯзаш самимона ва бародарвор табрику муборакбод гуфта, дар шахсияти ӯ ба мардуми Ӯзбекистон шукуфоӣ ва сулҳу субот орзу намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори қаноатмандӣ аз рушди бомароми шарикии стратегии миёни ду кишвар, нақши муассири Шавкат Мирзиёев дар пешбурди ин раванди созанда махсус ёдовар шуданд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати фаъолияти ҳадафмандонаи муштарак баҳри густариши минбаъдаи муносиботи ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардум иброз доштанд.

www.president.tj