Суҳбати телефонӣ

№139 (4089) 19.11.2019

16 ноябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков суҳбати телефонӣ доир карданд.

Роҳбари давлат Президенти Қирғизистонро ба муносибати зодрӯзашон сидқан табрик гуфта, ба ӯ сиҳатии комил, саодатмандӣ, дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои навин дар роҳи таъмини шукуфоии Қирғизистони дӯст таманно намуданд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо масъалаҳои муҳими равобити дуҷонибаи ­Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ ва алоқамандиашонро ба рушди мусбати онҳо таъкид карданд.

Бахусус, саъю талошҳои минбаъдаи ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи амалии зарфиятҳои созандаи муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикис­тону Қирғизистон зарур шуморида шуд.

Дар суҳбат, ҳамчунин, масъалаҳои алоҳидаи рӯзмарраи минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

www.president.tj