Суҳбати телефонӣ

№13 (4119) 28.01.2020

24 январи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков суҳбати телефонӣ баргузор намуданд, ки зимни он масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷик­ис­тону Қирғизистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷараёни суҳбат ба масъалаҳои делимитатсияи хати сарҳади давлатӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки фаъолияти гурӯҳҳои кориро дар ин ҷода дар асоси доимӣ идома бахшанд.

www.president.tj