Суҳбати телефонӣ

№68 (4174) 09.06.2020

Dushanbe_Presidential_Palace_01Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони шаҳри Панҷакент, ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд, ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Сангвор ва Лахшро оид ба вазъи корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии ҳосили ғалладонагӣ, сабзавот ва мева, кишти картошка, ҳолати беморхонаҳо, иҷрои супоришҳо оид ба чораҳои пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимӣ шуниданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои зикршуда оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ, 40 фоиз зиёд кардани кишти картошка, ҷамъоварии саривақтию беталафи ғалладонагӣ, сабзавот, меваҷот, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал, беҳбуд бахшидани вазъи беморхонаҳо, таъмини табобатхонаҳо бо маҳсулоти лозимаи тиббӣ, доруворӣ ва хӯрока, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба беморон, тақвият бахшидани тадбирҳои санитарию гигиенӣ миёни аҳолӣ ва марказҳои иҷтимоию хизматрасонӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, бо дарназардошти вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва паҳншавии бемории сироятӣ, бори дигар ба раисони шаҳру ноҳияҳо барои бунёд кардани беморхонаҳои сироятӣ супоришҳои қатъӣ доданд.

Ҳамчунин, Роҳбари мамлакат дастур доданд, ки мактабҳо ва муассисаҳои томактабиро таъмиру таҷдид карда, ба соли нави хониш омода созанд.

Аз раисони шаҳру ноҳияҳо талаб карда шуд, ки ҳар як оила бояд барои ду сол маҳсулоти хӯрокаро дар хонаҳояшон захира намоянд, иншооти соҳаи иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакатро ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 тайёр карда, захираи сӯзишворӣ ва маҳсулоти хӯрокаро таъмин созанд.

www.president.tj