Суҳбати телефонӣ

№106 (4212) 01.09.2020

31 августи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ доир намуданд.

Бо истифода аз фурсати муносиб Сарвари давлат Александр Лукашенкоро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрику муборакбод гуфтанд.

Сипас, ҷонибҳо як қатор масъалаҳои рӯзмарра, аз ҷумла, вазъи кунуниву дурнамои муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманди кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Пешвои миллат дастовардҳои назарраси Ҷумҳурии Беларусро тайи давраи соҳибистиқлолӣ дар роҳи рушд ва бунёди давлатдорӣ қайд карда, ба мардуми дӯсти Беларус сулҳу суботи пойдор, некуаҳволӣ ва пешрафти босуботи минбаъдаро орзу намуданд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо аҳамияти рушди беш аз пеши ҳамкориҳои созандаи Тоҷикистон ва Беларусро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қайд ва рағбати худро ба таҳкиму тавсеаи ҳамаҷонибаи онҳо ба нафъи мардуми ҳар ду кишвар таъкид намуданд.

www.president.tj