Суҳбати телефонӣ

№20 (4282) 13.02.2021

11 феврали соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ намуданд.

Зимни он ҷонибҳо дар бораи мавзӯъҳои мубрами байналмилаливу минтақавӣ табодули назар карда, аз ҷумла, ба раванди сулҳи байниафғонӣ ва дар ин замина, дарёфти роҳҳои самараноки истиқрори сулҳу субот дар Афғонис­тон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Сарвари давлат бори дигар таъкид намуданд, ки Тоҷикистон аз Ҳукумати Афғонистон дар доираи талошҳои пайвастаи он ҷиҳати истиқрори сулҳу субот ва бозсозии кишвар ҳамеша пуштибонӣ карда, дар ин мавқеъ минбаъд низ устувор хоҳад монд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо дар бораи таҳкиму тавсеаи минбаъдаи равобити судманди дуҷониба дар самтҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла иқтисоду тиҷорат ва иҷтимоиёт, алоқамандӣ иброз намуданд.

 Президентҳои ҳар ду кишвар дар мавриди масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният низ табодули афкор намуда, вазъи кунуниро дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон мавриди баррасӣ қарор доданд. Пешвои миллат аҳамияти тақвияти шарикии кишварҳоро дар мубориза алайҳи хатару таҳдидҳои замони муосир, бахусус терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир, ҳамчунин, таъмини амнияти сарҳадот, махсус таъкид карданд.

Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ­масъалаи баргузории Конфронси нуҳуми вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» — ро баррасӣ карда, ҷиҳати баргузории он дар охири марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе таҳти ҳамраисии Тоҷикистон ва Афғонис­тон ба мувофиқа расиданд.

Дар анҷоми суҳбат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Афғонистон сулҳу амонӣ ва рушду нумӯи рӯзафзун таманно карданд.

www.president.tj