Суҳбати телефонӣ

№97 (4359) 27.07.2021

24 июли соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғоз Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бори дигар дар иртибот ба даргузашти хоҳари Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон изҳори тасаллӣ карданд.

Пешвои миллат ба ҳамтои худ барои дастгирӣ ва ҳамдардӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Инчунин, Сарвари давлат Президенти Ӯзбекис­тони дӯстро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик гуфтанд.

Пешвои миллат фаъолияти пурсамари муҳтарам Шавкат Мирзиёевро дар маснади Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба ӯ эҳтироми бузург ва эътибори баланд овард, таъкид карданд. Дар ин замина, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекис­тони бародар ва мардуми он дар роҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва шукуфоӣ таҳти роҳбарии оқилонаи муҳтарам Шавкат Мирзиёев дастовардҳои беназир орзу намуданд.

Пешвои миллат, ҳамчунин, кӯшишҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекис­тонро оид ба таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии байни кишварҳо баланд арзёбӣ намуда, аҳамияти бузурги натиҷаҳои сафари расмии чанде пеши ӯро ба Тоҷикистон, ки ба ҳамкории гуногунсоҳаи тарафҳо ба нафъи халқҳо такони нав бахшид, тазаккур доданд.

Дар ҷараёни суҳбат президентҳо оид ба баъзе аз масъалаҳои байналмилалӣ ва рӯзмарраи минтақавӣ мубодилаи афкор карданд. Аз ҷумла, вазъи ташвишовар дар Афғонис­тон дар маркази таваҷҷуҳи тарафайн қарор гирифт.