Суҳбати телефонӣ

№112 (4374) 08.09.2021

7 сентябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой муҳтарам Си Ҷинпин суҳбати телефонӣ доир намуданд.

Дар оғози суҳбат Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой бо таманниёти сулҳ, некуаҳволӣ, комёбиҳои нав ва шукуфоӣ Пешвои миллат ва сокинони Тоҷикис­тонро бо 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар самимона табрик намуд.

Зимни суҳбат сарони ҳар ду давлат ҷанбаҳои гуногуни муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон ва Хитойро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, масъалаҳои рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва тавсеаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, инчунин, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният баррасӣ гардиданд. Натиҷаҳои амалии татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохтор бо қаноатмандӣ зикр карда шуданд.

Сарвари давлат ба ҷониби Хитой барои сари вақт расонидани миқдори зарурии ваксинаҳои зиддивирусии истеҳсоли Хитой ба Тоҷикистон дар доираи ҳамкории тарафҳо дар мубориза бар зидди пандемияи COVID-19 изҳори сипос намуданд.

Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Хитой доир ба рушди вазъ дар минтақа, хоса, шиддат ёфтани авзои низомию сиёсӣ дар Афғонистон, табодули назар ва аҳамияти ҳамкории минбаъдаи зичро дар масъалаҳои таъмини амният ва суботи минтақавӣ таъкид карданд.

Ҳангоми баррасии муносибатҳои бисёрҷониба ба раёсати кунунии Тоҷикис­тон дар СҲШ ва Саммити қарибулвуқӯи СҲШ дар шаҳри Душанбе таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Дар ин зимн, Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой нақши Пешвои миллатро ҳамчун яке аз муассисони СҲШ дар таъсис, рушду густариш ва таҳкими эътибори он ба таври хоса таъкид карда, баргузории бомуваффақияти саммити ҷашнии онро таманно кард.

«Шумо дар саргаҳи таъсис додани СҲШ қарор доштед, саъю талошҳои бузург­миқёсро ҷиҳати рушду густариш ва таҳкими обрӯи он дар «Рӯҳияи Шанхай» ба харҷ додед», — изҳор дошт ҷаноби Си Ҷинпин.

Дар поёни суҳбат сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Хитой мавқеи муштаракро барои густариши ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии неки Тоҷикис­тон ва Хитой дар ҳама шакл тасдиқ намуданд.