Суҳбати телефонӣ

№113-114 (4375-4376) 09.09.2021

8 сентябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистонро бо 30 — юмин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар самимона табрик гуфта, ба Пешвои миллат хушбахтӣ, саломатӣ, комёбиҳои беназир ва ба мардуми мамлакати мо сулҳу шукуфоӣ таманно намуд.

Зимни суҳбат, ҳамчунин, ­масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, хусусан, рафти иҷрои созишномаҳое, ки дар Душанбе дар натиҷаи музокироти сатҳи олӣ зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ба даст омадаанд, баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо алоқамандиро ҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии ҳар ду кишвар таъкид карданд.

Дар робита ба авҷ гирифтани нооромӣ дар Афғонистон, ки ба амният ва суботи минтақа таҳдид мекунад, президентҳо идомаи муколама оид ба масъалаҳои Афғонистонро дар доираи ҷаласаи ҷашнии сарони давлатҳои аъзои СҲШ ва мулоқоти сатҳи олӣ дар сиғаи СҲШ+СААД, ки нимаи аввали моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд, ҷонибдорӣ намуданд.

www.president.tj