Суҳбати телефонии Пешвои миллат бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон

№78 (4028) 29.06.2019

26 июни соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков суҳбати телефонӣ анҷом доданд.  

Дар он сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикис­тону Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин зимн  президентҳо ҷиҳати идомаи муколамаи байнидавлатӣ дар сатҳи олӣ бо мақсади пешбурди ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон ба мувофиқа расиданд.

Дар раванди суҳбат Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрику муборакбод намуд.

Суҳбат дар фазои озод, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстона доир гардид.

 www.president.tj