Суҳбати телефонии Пешвои миллат бо Владимир Путин

№71 (4021) 20.06.2019

17 июни соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар рафти он сарони ду давлат оид ба натиҷаҳои ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), ки 15 июни соли равон дар Душанбе доир гардид, мубодилаи афкор намуданд. Дар ин зимн Владимир Путин ба ҷониби Тоҷикистон барои истиқболи самимӣ ва меҳмоннавозии анъанавӣ нисбат ба ҳайати Россия изҳори сипос намуда, сатҳи баланди ташкил намудани ҳамоиши мазкурро таъкид кард.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, баъзе аз ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Россия ва масъалаҳои алоҳидаи байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуданд.

www.president.tj