Милитсияи тоҷик кафили зиндагии осудаву ороми мардум мебошад

№132 (3278) 11.11.2014

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Иди касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ

шаҳри Душанбе, 10 ноябри соли 2014 

 10749952_738325299570992_53028865941339241_o

Муҳтарам генералҳо, афсарону сарбозон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ!

Ҳозирини арҷманд!

Қабл аз ҳама, кулли кормандони мақомоти корҳои дохилии мамлакат ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро ба ифтихори ҷашни касбиатон, яъне Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрик гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, саодату сарбаландӣ ва дар иҷрои рисолати бошарафу пурифтихоратон барору комёбӣ орзу дорам.

Дар ҳамаи давру замонҳо пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дорад, ки иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ, вогузор гардидааст.

Дар робита ба ин, Ҳукумати мамлакат хусусан тайи солҳои охир, ҷиҳати таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, муосиргардонии назорати тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳимояи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба тарбияву такмили фарҳанги риояи қонуният диққати махсус медиҳад.

Бо ин мақсад дар марҳалаҳои амалисозии ислоҳоти сохтори давлатӣ ислоҳоти мақомоти корҳои дохилии кишвар ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани фаъолияти онҳо низ мунтазам идома дода шуда, дар баробари дигар сохторҳои низомии кишвар, мақомоти корҳои дохилӣ имрӯз ба мақомоти дорои нуфузу эътибори хоса ва мактаби муҳими ба камол расонидани муҳофизони тартиботи ҷамъиятӣ табдил ёфтаанд.

Тадбирҳои то имрӯз амалигардида ҷиҳати қавӣ гардонидани эътимоди шаҳрвандон ва густариши ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳолӣ мусоидат намуда, дар самти таъмини адолати иҷтимоӣ, тарбияи ҳуқуқиву ахлоқии ҷомеа ва ҳимояи сулҳу субот дар кишвар нақши муҳим бозиданд.

Таърихи ташаккул ва рушди мақомоти корҳои дохилӣ аз саҳифаҳои бисёр ибратбахш ва намунаҳои заҳмати фидокоронаи ҳайати шахсӣ иборат мебошад. Мақомоти милитсияи тоҷик, бахусус дар давраи аввали соҳибистиқлолии кишвар, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёди он рӯзҳо, якҷо бо дигар мақомоту сохтори низомӣ аз уҳдаи иҷрои масъулияти басо муҳиму душвор — барқарор кардани сохти конститутсионии давлат, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун сарбаландона баромадаанд. Кормандони далеру шуҷои милитсия дар шароити тезутунд гардидани вазъияти сиёсиву ҷиноӣ дар кишвар ҳимояи Ватан ва халқу миллатро аз ҳамаи арзишҳо боло дониста, барои таъмини ояндаи дурахшони кишвар ва зиндагии орому осудаи мардуми он талоши зиёд намуданд.

Таърихи мақомоти корҳои дохилӣ дар он давра пур аз саҳифаҳои корнамоӣ ва шуҷоату далерӣ мебошад, ки аз содиқ будани хизматчиёни он ба савганди касбии худ гувоҳӣ медиҳад.

Маҳз бо фидокорӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан даҳҳо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин садҳо нафар ҷинояткорони хавфнок боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Метавон садҳо нафар кормандони ба касби хеш содиқро ёдовар шуд, ки ба хотири таъмини ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар ҷони худро нисор кардаанд. Мо борҳо таъкид намудаем, ки номи неки онҳо дар саҳифаҳои таърихи навини кишварамон абадан сабт гардидаанд.

Ҳамзамон бо ин, мехоҳам аз хизматҳои шоистаи шахсиятҳои арзанда ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ёдовар шавам, ки солҳои тӯлонӣ ба халқу Ватани хеш садоқатмандона хизмат карда, дар ташаккул ва рушди ин сохтори муҳимми давлатӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавон саҳми арзанда гузоштаанд.

Зарур аст, ки хизматҳои арзандаи онҳо ҳар чӣ бештар барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи баланди милливу ватандорӣ ва ифтихор аз давлати соҳибистиқлол истифода карда шавад.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ таҳкурсии моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳамаи сохторҳои онҳо барои дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ бо таҷҳизоту воситаҳои муосири техникӣ, иншооти замонавӣ ва мутахассисони касбӣ мунтазам таҳким бахшида мешавад.

Дар панҷ соли охир 60 бино ва иншооти маъмурӣ, аз ҷумла Маҷмааи варзишии «Динамо», госпитали замонавӣ, Маркази назоратии «Шаҳри бехатар», бинои панҷошёнаи маъмурӣ барои дастаи таъиноти махсуси милитсия, бинову иншооти хизматрасонӣ дар қисми низомии 3502, инчунин якчанд иншооти соҳа дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва гурӯҳи ноҳияҳои Рашт ба истифода дода шуда, ҷиҳати омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳа бунёди Академияи Вазорати корҳои дохилӣ оғоз карда шуд. Субҳи имрӯз боз як бинои истиқоматии навбунёд барои 50 оилаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба истифода дода шуда, сохтмони 13 иншооти маъмуриву хизматии дигар идома дорад.

Қобили зикр аст, ки имсол бо қарори Ҳукумати кишвар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ» таъсис дода шуда, дар он ба таълим ва тарбияи ятимону бепарасторон, фарзандони бесаробонмондаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ диққати махсус дода мешавад.

Инчунин ҷиҳати баланд бардоштани малакаву маҳорати касбӣ, омодагии ҷангӣ ва обутоби ҷисмонӣ барои воҳидҳои махсуси Вазорат марказҳои таълимиву тактикӣ таъсис дода шудаанд.

Ҳукумати мамлакат баробари таъмини шароити мусоиди хизмат ба хизматчиёну сарбозон дар самти беҳтар намудани кафолатҳои иҷтимоии онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Бо ин мақсад, соли ҷорӣ қариб 650 оилаи хизматчиёни милитсияи тоҷик бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва манзили истиқоматӣ таъмин гардиданд.

Илова бар ин, тӯли даҳ соли охир маоши кормандони мақомоти корҳои дохилӣ қариб 20 баробар зиёд карда шуда, ҳамчунин дар доираи амалисозии барномаи рушди милитсия дар солҳои 2014-2020 ҷиҳати ҳавасмандгардонии кормандони соҳа давра ба давра чораҷӯӣ карда мешавад.

Ҳозирини арҷманд!

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар кишвар беш аз 15 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки 13 ҳазори он аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ошкор шудааст.

Гарчанде ҳодисаҳои содиршавии ҷиноят назар ба соли гузашта дар маҷмӯъ 570 адад кам ба қайд гирифта шудаанд, вале сатҳи ошкоркунӣ 87 фоизро ташкил медиҳад, ки андешидани чораҳои иловагӣ ва боз ҳам пурзӯр кардани корро дар ин самт тақозо менамояд.

Дар ин давра аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 20 гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ дар ҳайати 79 нафар аъзои ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ барои содир кардани 100 ҷиноят дастгир шудаанд.

Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои воридшавии ашхос ва гурӯҳҳои ифротгаро ба қаламрави кишвар, инчунин ҳодисаҳои ҷалби шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгарову экстремистӣ ва иштироки онҳо дар муноқишаҳои кишварҳои хориҷӣ Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ, Хадамоти гумрук ва дигар сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки дар ин самт чораҳои қатъӣ андешанд.

Набояд фаромӯш кард, ки ҷинояткории замони муосир домани фароху густурда дошта, торафт тамоюлҳои нав пайдо карда истодааст. Аз ин лиҳоз, ҳар як корманд ва хизматчии ҳарбии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифадор аст, ки барои ҳифзи манфиатҳои давлату миллати худ аз хатару таҳдидҳои имрӯза ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошад.

Вобаста ба ин, боз як масъалаи муҳимро хотирнишон месозам. Чанд рӯз пеш дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» қабул гардид, ки амали он нисбат ба даҳ ҳазор нафар татбиқ мегардад.

Вазифаи, пеш аз ҳама, мақомоти корҳои дохилӣ аз он иборат аст, ки шахсони аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ рухсатшударо ба қайд гирифта, ба онҳо дар бобати таъминот бо шуғл ва умуман ҳамгироӣ бо ҷомеа ва зиндагиву фаъолияти осоишта кумак расонанд.

Дар ҷараёни хизмат ҳар як хизматчӣ дар хотир дошта бошад, ки вазифаи асосии корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар баробари назорат инчунин пешгирӣ кардани ҷиноят ва мусоидат намудан ба болоравии сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа мебошад. Зеро тибқи таҷриба талаботи қонунгузорӣ ҳамон вақт пурра риоя мегардад, ки иҷрокунанда аз муҳтавои он бохабар бошад.

Дар ин раванд алалхусус ба тарбияи дурусти наврасону ҷавонон, ки ояндаи давлату миллат ва рушду инкишофи кишварамон мебошанд, бояд диққати зарурӣ дода шавад.

Бори дигар хотиррасон месозам, ки дар ин кори хайр дар баробари мақомоти корҳои дохилӣ, масъулони соҳаи маориф, воситаҳои ахбори омма, аҳли зиё ва албатта, падару модарон, масъулияти бузурги инсонӣ ва шаҳрвандӣ доранд.

Муҳтарам кормандони мақомоти корҳои дохилӣ!

Ҳозирини арҷманд!

Ҳамасола таҷлил гардидани Рӯзи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шаҳодати таваҷҷуҳи пайвастаи Давлату Ҳукумати кишвар нисбат ба ин ниҳоди муҳими давлатӣ буда, ҳар яки шуморо водор месозад, ки барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва содиқ будан ба савганди худ масъулияти дучанд эҳсос намоед. Зеро мардум дар симои шумо намояндаи давлатро мебинад ва ба шумо бо умеди ҳалли мушкилоти худ муроҷиат менамояд.

Барои ин, пеш аз ҳама, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бояд дорои маърифати баланд ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида бошанд, сатҳи касбии худро мунтазам такмил диҳанд ва хусусан дар шароити ноорому печидаи ҷаҳони муосир Ватани маҳбубу халқи худро аз ҳама гуна хатару таҳдидҳо эмин нигоҳ дошта тавонанд, яъне кафили зиндагии осудаву ороми мардум бошанд.

Роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифадоранд, ки дар ин самт ва қабл аз ҳама, доир ба таҳкими корҳои тарбиявӣ дар байни ҳайати шахсӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон чораҳои доимӣ андешанд.

Дар идомаи дастгириҳои давлатӣ Ҳукумати кишвар минбаъд низ ҷиҳати баланд бардоштани эътибори мақомоти корҳои дохилӣ тибқи стратегия ва барномаҳои қабулшуда ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад.

Дар ин росто, як нуктаро ҳар як корманди соҳа бояд дарк намояд, ки мақсади ислоҳот пеш аз ҳама муаррифии симои куллан нави корманди мақомоти корҳои дохилие мебошад, ки ҳадаф ва мақсади асосиаш таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон аст.

Бо изҳори ҳамин умедҳои нек ба ояндаи милитсияи тоҷик бори дигар ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилиро ба ифтихори ҷашни касбӣ табрик гуфта, дар ҷодаи хизмати бошарафу пурмасъулият ба нафъи давлат, Ватан ва халқи Тоҷикистон ба ҳар яки шумо саломатӣ, азму иродаи қавӣ ва барори кор орзу менамоям.

Саодатманду сарбаланд бошед, ҳомиёни далери Ватан!