Наврӯз — суннати муқаддаси аҷдодӣ

№38-40 (3023-3025) 27.03.2013

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми таҷлили ҷашни Наврӯз дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе

 шаҳри Душанбе, 22 марти соли 2013

IMG_0765

Ҳамватанони азиз!

Меҳмонони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ҷашни Наврӯз, ки имрӯзҳо ба хонадони ҳар як сокини кишвари маҳбуби мо бо қадамҳои сабзу баҳоронаи худ ба меҳмонӣ омадааст, дар миёни дигар ойину маросимҳои мардуми мо аз ҷумлаи куҳантарин ва азизтарин суннатҳои миллӣ мебошад.

Ин ҷашни мубораке, ки аз ҷониби аҷдоди некному хирадмандамон асос гузошта шудааст, дар масири таърих на танҳо ба мардуми мо, балки ба бисёр халқҳои олам пайки шодиву сурур, бахту саодат, шукуфоиву зебоӣ, оғози киштукор ва зиндашавии табиатро мерасонад.

Ҳоло ин ҷашни бостониву зеборо мардумони бисёр кишварҳои сайёра ҳамчун рамзи бедории табиат, нишонаи ваҳдати инсон ва кайҳон, инчунин пайки таҳаммулгароиву дӯстӣ ва равобити неки байни халқу миллатҳои гуногуни дунё таҷлил менамоянд.

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахши идона бори дигар ҳамаи ҳамватанони азиз ва сокинони пойтахти мамлакат, меҳмонони гиромиқадр, инчунин кулли ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи онҳоеро, ки ба ин ҷашни аҷдодии тоҷикон алоқамандӣ доранд, самимона табрик гуфта, орзу менамоям, ки нури эҳёгариву созандагӣ ва сулҳофарии Наврӯз дар хонадони ҳар кадоми шумо фаровон гардад.

Наврӯз бо обу хок ва марзу буми аҷдоди мо, бо рӯҳи зиндагисоз, фаъолияти созанда ва эҳсоси ватандориву хештаншиносии мардуми мо пайванди ногусастанӣ дорад.

Ҳамин аст, ки ин ҷашни фархундаро аҷдоди шарафмандамон дар давоми таърихи беш аз шашҳазорсолаи хеш ҳаргиз фаромӯш накардаанд ва онро насл ба насл ҳифз карда, ҳамчун суннати муқаддаси аҷдодӣ барои мо ба ёдгор гузоштаанд.

Дар иртибот ба ин, мехоҳам таъкид намоям, ки иморати хештаншиносии тоҷикон дорои ду шаҳсутун аст, ки яке забони модарӣ ва дигаре ҷашни Наврӯз мебошад.

Яъне, забони нобу шево ва ширину шоиронаи тоҷикӣ якҷо бо Наврӯзи фархундаву озода муҷассамаҳои абадзиндаи мардуми ориёӣ ва пояҳои маънавии мавҷудияти таърихии тоҷикон ба ҳисоб мераванд.

Ҷашни Наврӯз барои халқи мо чун ҳалқаи пайвандсози таърихӣ хизмат карда, дар тӯли умри чандинҳазорсолаи миллатамон тану ҷони онро қуввату қудрати тоза бахшидааст.

IMG_0947

Гузашта аз ин, зуҳури Наврӯз ба воқеаву устураҳои бузурги кайҳониву ҳамосие мепайвандад, ки ба сарнавишти ҳамаи фарзандони Ҳазрати Одам алоқамандӣ дорад.

Бинобар ин, Наврӯз дар радифи суннатҳои миллии халқҳои гуногуни олам ҳамагонитарин ҷашни мардумӣ мебошад, ки бо рӯҳи зиндагисози хеш ҳаёти башариятро мунаввар месозад.

Хусусияти дигари пурқимати ойини Наврӯз боз дар он ифода меёбад, ки решаҳои маънавии ин ҷашн аз сарчашмаҳои инсондӯстиву зиндагипарварӣ ва созандагиву ободкорӣ ғизо мегиранд.

Ба маънии дигар, фалсафаи Наврӯз мардумони оламро ба некиву накӯкорӣ, хайру саховат, заҳмати созанда ва таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмӣ даъват менамояд.

Ҳоло ин ҷашни бостонӣ хусусиятҳои деринаашро бо рӯҳияи замони муосир созгор намуда, дар хизмати инсони созандаи асру замони нав қарор гирифтааст.

Акнун моро лозим аст, ки суннатҳои волои ба гӯшаи фаромӯширафтаи Наврӯзро ба хотири истифодаи онҳо дар тарбияи наслҳои ояндасози Ватанамон зина ба зина эҳё намоем.

Ҳамчунин мо вазифадорем, ки дар раванди пуртазоди ҷаҳонишавӣ барои ҳифзу тарғиби арзишҳои ахлоқӣ ва рушди суннатҳои неки фарҳангии худ иқдомоти мунтазам ва муассирро амалӣ гардонем.

Ба муносибати фарорасии Наврӯз мардуми мо аз рӯйи анъана ва суннатҳои қадима беш аз ҳар вақти дигар даст ба корҳои хайр мезананд. Зеро фарҳанги Наврӯзи оламафрӯз хислату ҷавҳари инсонсоз дорад. Ҳамчунин Наврӯз инсонҳоро ҳамеша ба сӯи ободкорӣ, дӯст доштани табиат ва эҳтиёт кардани обу хок ҳидоят мекунад.

Итминон дорам, ки Наврӯзи аҷдодӣ ба мардуми куҳанбунёду соҳибфарҳанги мо дар иҷрои нақшаҳои бунёдкориву созандагӣ имсол низ рӯҳу тавони тоза мебахшад ва барои ҳар як сокини Ватани маҳбубамон дастовардҳои тоза меорад.

Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори Наврӯзи байналмилалӣ табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо тинҷиву оромӣ, файзу баракати наврӯзӣ ва ба Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрамон фатҳу нусратҳои нав орзумандам.

Наврӯзи оламафрӯз муборак, ҳамватанони азиз!