Дар ҳошияи суханрониҳои Президент

Таъсири манфии омилҳои беруна ва бегона

№39 (3185) 18.04.2014

Дар ин ҳамоиши байналми-лалӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки имрӯз мо ба фарҳанги амалан навини равобит ва ҳамкорӣ ниёз дорем, ки гуфтугӯи созанда ва  боэҳтиромонаи тамаддунҳоро дар сатҳи баланд ба манзури натоиҷи фарҳангӣ ва бақои таърихӣ таъмин менамояд. Тавре Сарвари давлат зикр доштанд, ба ҳамкории созанда ва эҳтиромона ниёз дорем. Дастовардҳои илму техника, фарҳанг байни халқу давлатҳо мавриди истифода қарор доранд ва минбаъд низ ин раванд идома хоҳад ёфт. Чунин робитаҳо манфиат дошта, омили  пешрафт, рушду нумуи давлатҳо мегардад. Бахусус, дар асри мо, ки онро пешрафти технологияи навин меҳисобанд.

Аммо дар ин радиф омилҳои манфӣ фазои иттилоотии оламро фаро гирифтааст, ки дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз минбари Сессияи генералии XXXIII ЮНЕСКО бо нигаронӣ сухан ронда буданд.

Тавассути озодии иттилоотӣ ба кишвари мо низ барномаҳои зиёди телевизионӣ пахш  мегарданд, ки берун аз ҳама гуна доираи одобу ахлоқи инсонӣ мебошанд.

Мутаассифона, ин ягона омили беруна ва манфӣ нест, ки боиси харобу коста гаштани ахлоқ, бахусус одоби ҷавонон, мегардад. Ба ҷумҳурӣ инчунин ҳар гуна воситаҳои техникӣ ворид мешаванд, ки бо роҳҳои гуногун бо мақсади гирифтани фоида ҷавононро ҷалб мекунанд. Агар ин воситаи ба илм, ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани наврасону ҷавонон мебуд, қобили ҳама гуна  дастгирист. Аммо, баръакс, онҳо ҷавононро гумроҳ месозанд, ба дуздиву дигар амалҳои зишт талқин менамоянд. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғонро мавриди санҷишу омӯзиш қарор дода, омил ва сабабҳои зиёди ба қонуншиканиҳо  мусоидаткунандаро ошкор  намуд.

«Оё дуруст аст, ки зери мафҳуми ҷомеаи озод ризолатҳои ахлоқӣ низ дар байни ҷавонон озодона таблиғ шаванд?

Мо ба туфайли озодии иттилоотӣ имрӯз имкон дорем аз тамоми кишварҳо барномаҳои  зиёди телевизиониро тамошо кунем. Вале дар бисёр барномаҳо филмҳое намоиш дода мешаванд, ки дар онҳо танҳо фаҳш, зӯроварӣ, куштор ва  бераҳмӣ талқин  мегардад.

Оё барои фарзандон ва насле, ки барои оянда тарбия мешаванд, чунин барномаҳо зарари маънавӣ надоранд?».

 (Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Сессияи генералии XXXIII ЮНЕСКО, 10 октябри соли 2005»

-Санҷишҳо маълум намуданд, ки автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ баъди қатъ намудани фаъолияташон дар Федератсияи Россия ба ҷумҳурии мо  ворид карда шудаанд. Агар чунин намуди автоматҳои бозӣ дар Федератсияи Россия қатъ гашта бошад, пас онро дар ҷумҳурии мо бо «бағали кушода» истиқбол мегиранд. Бо истифода ва зери ҳимояи иҷозатномаҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ ва бозии лото  ғайриқонунӣ қиморхонаҳоро ташкил ва  шаҳрвандонро ба бозӣ ҷалб намудаанд. Дар ин ҷойҳо аксар ноболиғон ва нафарони  сабукфикр ба бозӣ дода шуда, маблағҳои калони пулӣ бой медиҳанд, филмҳои фаҳши зӯровариро тамошо  мекунанд, ки ба тарбияи онҳо таъсири манфӣ мерасонад.  Онҳо дигар  дар бораи таҳсилу меҳнати ҳалол фикр намекунанд, балки бобати ба даст овардани даромади муфт орзую хаёл мекунанд. Таъсири манфии ин шуғл аз нашъамандӣ камтар набуда, баръакс,  зиёд аст,- иброз медорад бо нигаронӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина.

Бо дахолати мақомоти прокуратура то ҳол фаъолияти 33 адад чунин нуқтаҳо қатъ ва ҳашт парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Бо ворид намудани тағйирот ба моддаи 240 (Ташкил ё нигоҳдории қиморхона (казино), мизу автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2009 №487 минбаъд барои ин гуна корҳо шахс бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз шаш то ҳашт сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.

Бо вуҷуди дар қонунгузорӣ муқаррар намудани чунин муҷозот камбудиҳо бартараф нашудаанд. Ҳолатҳои зиёди бе иҷозатнома фаъолият намудани чунин нуқтаҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа. Норак, Турсунзода, Ваҳдат, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Бобоҷон Ғафуров, Ҳисор ва Ёвон ҷой доранд.

Мутобиқи маълумоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷумҳурӣ моддаҳои  пуртаъсири  мухаддиротӣ дар шакли ҳаббҳо (монанди «Экстази» ва «ДОБ») ворид мешаванд. Ин ҳам як  навъ омили манфии беруна мебошад, ки бо роҳи қочоқ ворид карда мешаванд. Мувофиқи маълумоти бадастомада, ин моддаҳо аз тариқи роҳҳои ҳавоӣ ва роҳи оҳан аз ҷумҳуриҳои Наздибалтика, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Хитой ва Эрон ворид мешаванд. Ин ҳаббҳои  мухаддиротӣ ба навъҳои пуртаъсири синтетикӣ дохил буда, дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар миёни ҷавонон, ки асосан «дилбохта»-и  чунин марказҳои дилхушӣ мебошанд, паҳн мегарданд. Чунин марказҳои дилхушӣ маркази паҳн гаштани бемориҳои сироятӣ ва хавфнок дониста мешаванд. Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 июли соли 2013 дар муассисаҳои наркологӣ 7470 беморони нашъаманд ба қайд гирифта шудаанд, ки 227 нафарашонро занон  ташкил медиҳанд. Шумораи умумии ин беморон нисбат ба аввали соли 2013- ум 239 нафар (ё 3,3 фоиз) зиёд шудааст. Аз ин ҳисоб 2293  нафар шахсони синни 18 -34-соларо ташкил медиҳанд, ки 92 нафари он занҳоянд.

Истеъмоли тазриқии маводи нашъаовар яке аз сабабҳои паҳн гаштани инфексияи ВИЧ ба шумор меравад. Ин бемории хавфнокест, ки боиси сирояти дигарон мешавад. Танҳо соли 2013 барои пешгирии ин хатари номатлуб 8 парвандаи ҷиноятӣ нисбати гунаҳгорони шахси  дигарро  бо инфексияи ВИЧ сирояткарда оғоз шудааст.

Бақайдгирии ҷиноятҳои вобаста ба қочоқи маводи мухаддир ҳамоно нигаронкунанда аст. Дар нимсолаи аввали соли 2013  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон 537 ҷинояти алоқаманд ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаоварро ба қайд гирифтаанд, ки нисбат ба соли қаблӣ 4,3 фоиз зиёд мебошад.

Давоми соли 2013 аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бобати пурзӯр намудани мубориза бо гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, ки бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар робита доранд, чорабиниҳои фаврӣ- ҷустуҷӯйӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа фаъолияти 28 гурӯҳи ҷиноӣ, ки ба онҳо 79 нафар  шомил буданд, қатъ гардида, ду гурӯҳи муташаккил нобуд карда шуд.

Аз тарафи шуъбаи тафтишотии Агентӣ 155 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, 96 парванда нисбати 133 нафар ба судҳо ирсол гардид. Инчунин 18 нафар, ки бо ин ҷурм дар кофтукови байналмилалӣ қарор доштанд, боздошт шуданд.

Барои пешгирии қочоқи маводи мухаддир дар ҷумҳурӣ, ки бемории нашъамандӣ, содири ҷиноят, манбаи даромади муфтро думбол дорад, тадбирҳои зиёд амалӣ карда мешавад. Аз соли 1994 то соли 2013- ум дар ҳудуди ҷумҳурӣ аз гардиши ғайриқонунӣ 102 тоннаю 151 килограмм маводи нашъаовар мусодира шудааст, ки аз он 33 тоннааш маводи  сахттаъсири героин мебошад.

Ин омилҳои номатлуб ба коста гаштани ахлоқу рафтори ҷавонон, ки ҳанӯз таҷриба ва малакаи пурраи зиндагӣ надоранд, таъсири манфӣ мерасонанд. Ва беҳуда ҳам нест, ки нашъамандӣ дар байни ҷавонон зиёд гардидааст. Ҷой доштани чунин ҳолат андешидани тадбирҳои ҷиддиро тақозо менамояд. Қабул ва мавриди амал қарор додани як қатор қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маҳз ба ҳамин мақсад равона шудаанд.

Иҷрои амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар мавриди пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дониста мешавад.

Дар натиҷаи пурзӯр намудани пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткории ноболиғон соли гузашта 725 ҷинояти онҳо ошкор ва ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2012- ум сад ҷиноят (16 фоиз) зиёд мебошад. Аз натиҷаи санҷиш ва тадбирҳои андешида қариб 2500 нафар шахсони масъул ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашида, 330 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таълиму тарбия, дар ниҳоди ҷавонон бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, арзишҳои пурғановати  миллиамон омилҳои судманде мебошанд, ки пеши роҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, тарғиби тарзи зиндагии носоломи ба ҷомеаи мо зараровару бегона гирифта шавад.

А. МӮСОЕВ, «Садои мардум»