Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Синхуа Хитой, якуми сентябри соли 2017

№106 (3743) 05.09.2017

37032853085_c966124ed4_oМуҳтарам ректори Донишгоҳи Синхуа! Дӯстони азиз!

Барои ман шарафи бузург аст, ки унвони ифтихории Профессори соҳаи иқтисодро дар яке аз маъруфтарин донишгоҳҳои Хитой бипазирам.

Аз Шӯрои илмии донишгоҳи шумо, ки ин ифтихорро барои ман муносиб донистааст, сидқан сипосгузорам.

Аз ин рӯз эътиборан донишгоҳи шуморо ҷойи худӣ медонам ва ман ҳамаи рӯйдодҳои илмиву маърифатии онро бо камоли шавқ пайгирӣ хоҳам кард.

Донишгоҳи Синхуа ба ҳайси муассисаи олии таълимии барӯманд дар кишвар ва берун аз марзҳои он шуҳрат пайдо кардааст.

Донишгоҳи шумо намунаи манзалати байналмилалии Хитой, таҷассумгари орзуҳои насли муосиру ҷавон аст, ки бар уҳдааш бозидани нақши шарафманд дар бунёди ҷомеаи аз ҳар лиҳоз рушдёфта афтодааст.

Дар ин даргоҳи бошукӯҳи илму маърифат чандин насл таълиму тарбия гирифтаанд, ки саҳми арзандаи худро дар тараққиёти Хитойи бузург гузоштаанд. Ин маҷмааи бонуфузи илму маориф, барҳақ, метавонад бо муҳассилини худ, ки дар қаторашон шахсиятҳои маъруфу соҳибэҳтироми Хитойи муосир ҷойгиранд, ифтихор намояд.

Ҷанобони олӣ Ху Тсзинтао ва Си Ҷинпин, ки дар пешрафту шукуфоии кишвари барои мо дӯсту ҳамсояи наз­дик нақши намоён дошта, эътибори ҷаҳонӣ пайдо кардаанд, аз ҷумлаи онҳоянд.

Бо камоли хушнудӣ таъкид карданиам, ки ин ҷонибро бо ин сиёсатмадорони беҳамтои Хитой солҳои тӯлонии робитаҳои корӣ ва муносиботи неки шахсӣ ба ҳам мепайвандад.

Дирӯз, мо бо Раиси муҳтарами Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Си Ҷинпин дар атрофи ҳолати кунуниву дурнамои ҳамкориҳои кишварҳоямон музокироти сермазмун доштем ва уфуқҳои нави рушди онҳоро муайян намудем.

Дар изҳороти муштарак, ки аз рӯи натиҷаҳои музокирот қабул гардид, мо рағбати қавии худро ҷиҳати пешбурди минбаъдаи муносибатҳои стратегии кишварҳоямон дар шакли шарикии ҳамаҷониба таъкид кардем.

Аз ин нигоҳ, натиҷаҳои мулоқоти кунунии сатҳи олии ҷонибҳоро мо ҳамчун рӯйдоди марҳалавӣ дар муносибатҳои кишварҳоямон арзёбӣ менамоем.

Басо рамзист, ки вохӯрии навбатии сатҳи олии Тоҷикистону Хитой дар соли ҷашнвораи биступанҷ солагии истиқрори робитаҳои дипломатии миёни ду давлат сурат мегирад.

Ҳангоме ки Тоҷикистон ба неъмати бебаҳои Истиқлолияти давлатӣ ноил шуд, Ҷумҳурии Халқии Хитой аз аввалинҳо шуда, ба роҳи мустақили интихобнамудаи рушди сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии мо эҳтиром гузошт ва онро эътироф кард.

Тоҷикистони муосир қисмати фаъоли низоми равобити байналмилалӣ буда, дар ҳама гӯшаю канори сайёра дӯстони зиёдро пайдо кардааст ва дар байни онҳо Ҷумҳурии Халқии Хитой мақоми хосаро доро аст.

Дар кишвари мо Хитойро дӯсти боэътимоду шарики самимӣ меҳисобанд ва мо аз пешрафту рушди устувори он изҳори хушнудӣ менамоем.

Ҷумҳурии Халқии Хитой дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати бузург дошта, дар равандҳои муосири сиёсат ва иқтисоди ҷаҳонӣ фаъолона ширкат меварзад ва дар таъмини суботу амнияти глобалӣ нақши созанда дорад.

Муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории мардумони мо анъанаҳои ғановатманди таърихӣ доранд ва аз даврони Роҳи бузурги абрешим маншаъ мегиранд.

Агар мо ба таърихи муосири ин муносибот назар афканем, мебинем, ки онҳо аз ибтидо ба масири рушди рӯзафзун ворид гардида, имрӯз дар сатҳи шарикии стратегӣ қарор доранд.

Ҳамдастии ду кишвар айни замон сохтори такмилёфтаеро мемонад, ки ба заминаи мустаҳками сиёсиву иқтисодӣ такя намуда, густариши босуръати ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар ҳама арсаҳои ҳаёт таъмин мекунад.

Дар чунин шакл сурат гирифтани равобити байни ду кишвар ҷавобгӯйи манфиатҳои дарозмуддати милливу муштараки мо буда, ба таҳкими суботу амният ва рушди минтақа мусоидат менамояд.

Зиёда аз ин, он дурнамои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои фарохмиқёси моро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, амният ва чандин соҳаи дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муайян месозад.

Бо тақвият ёфтани муносибатҳои гуногунҷанба ва шарикии стратегии Тоҷикистону Хитой аҳамияти робитаҳои фарҳангиву гуманитарии ду кишвар низ дучанд меафзояд.

Дӯстони гиромӣ!

Маълум аст, ки робитаҳои илмиву маърифатӣ ба инкишофи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рафоқати байни халқҳо мусоидати ҳамаҷониба менамоянд.

Дониш ва илм дар садаи бисту як мазмуну мундариҷаи хос пайдо намуда, ба неруи пешбарандаи ҳар як ҷомеа табдил ёфтаанд. Бе ин ду наметавон ояндаро сохт.

Ин фикр, алалхусус, дар замони мо, ки давраи ҷаҳонишавист, маънии амиқе касб мекунад.

Ба ин манзур таҳкими низоми илму маориф ва дар ин замина омода кардани насли ояндасози кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон эълон гардидааст.

Дар доираи чунин сиёсат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва таҳсилот, донишу ҷаҳонбинии донишҷӯён, бархӯрдор гардидани онҳо аз дастовардҳои илму техникаи муосир саъю талошҳои доимӣ ба харҷ медиҳад.

Вобаста ба ин, мо ҳамеша кӯшиш менамоем, ки тамоми шароиту имконотро муҳайё созем, то ҷавонони мо тавонанд дар дохилу хориҷи кишвар таҳсилу касбомӯзӣ намуда, номбардори Ватанашон шаванд.

Дар ин росто, мо ба тавсеаи робитаҳоямон бо Хитой дар соҳаи маориф, таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоем ва ҳамкориҳоямонро дар ин арса яке аз самтҳои муҳими  маҷмӯи муносибатҳои ду кишвар медонем.

Дар ин ҷо барои муқоиса мехоҳам як мисол биёрам.

Соли 1994 аввалин ду донишҷӯйи Тоҷикистон барои омӯхтани забон вориди Хитой гаштанд.

Ҳоло бошад, дар 112 донишгоҳи кишвар қариб се ҳазор ҷавонони мо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар баробари ин «Маркази фарҳангиву таълимии Конфутсий» дар Тоҷикистон фаъолияти худро самарабахш ба роҳ мондааст.

Ҷониби Хитой ҳамасола барои таҳсили ҷавонони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои худ бурсияҳои таълимӣ ҷудо карда, давраҳову семинарҳои кӯтоҳмуҳлати таълимӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии мутахас­сисони соҳаҳои гуногунро ташкил мекунад.

Мо чунин иқдомҳои хайрхоҳонаи дӯстони хитойиамонро баланд арзёбӣ менамоем ва хоҳони идомаву тавсеаи робитаҳоямон дар соҳаи маориф ҳастем.

Ман хурсандам, ки сол аз сол теъдоди ҳар чӣ зиёдтари донишҷӯёни тоҷик ба ин ҷо, ба Хитой барои омӯхтани забони Конфутсий ва забони Дэн Сяопин омада, дар беҳтарин донишкадаву донишгоҳҳои олии Хитой таҳсил доранд, илму маърифат ва касбҳои муосирро аз худ менамоянд.

Мутмаинам, ки дипломи донишгоҳҳои Хитой ба ҷавонони мо дарвозаеро барои оянда боз хоҳад кард.

Дар робита ба ин, мехоҳам бо чанд нуктаи мушаххас ба ҳамватанони худ – донишҷӯёни таълимгоҳҳои кишвари ба мо дӯсту хайрхоҳи Хитой, ки дар ин толор ҳузур доранд, муроҷиат намоям.

Нахуст мехостам ҳамаи шумоёнро, ҳамватанони азиз, бо Рӯзи дониш, ки ҳамасола якуми сентябр дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, табрику муборакбод намоям.

Умеду ормонҳои мо аз шумо — насли наврасу соҳибмаърифат бузурганд.

Бо истифода аз беҳтарин имкониятҳои бароятон фароҳам овардашуда тамоми нозукиҳои касбу ихтисосҳои интихобкардаатонро аз худ намоед.

Ба ин муносибат мехоҳам як зарбулмасали хитойиро ба ёд орам, ки мегӯяд: «Аз хоб дер хестӣ, рӯзатро бохтӣ, дар ҷавонӣ илму дониш аз бар накардӣ, ҳаётатро бохтӣ».

Дар такя ба андӯхтаҳои маънавию ахлоқии ниёгони бузургамон, ки дар таърихи илму фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ чун офарандагони сарватҳои бузурги маънавиву моддӣ эътироф шудаанд, доираи ҷаҳонбинии худро васеъ гардонед, забон ва фарҳангу маданияти волои мардуми Хитойро барои истифода дар ҳаёт ва фаъолияти минбаъдаатон амиқ омӯзед.

Мо умед дорем, ки шумо ба Ватан бо донишу малакаи баланди касбӣ баргашта, ба манфиати ҷомеа хизмати самараноку арзанда хоҳед кард.

Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки ояндаи Тоҷикистон дар дасти шумо, ҷавонон, мутахассисони соҳибилму дорои малакаи баланди касбӣ аст.

Дар хотимаи сухани худ бори дигар ба ҳайати Донишгоҳи Синхуа барои истиқболи гарм ва ҳусни меҳмоннавозӣ ибрози сипос менамоям.

Ба ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ, сиҳатмандии комил, хотири ҷамъ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзумандам!

Ҳамеша сарбаланду пирӯз бошед!