Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 31-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

№99 (3893) 16.08.2018

14 августи соли 2018

44026235481_85f642d06a_oОмӯзгорони муҳтарам ва шогирдони азиз! Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз дар вазъияти тантанавӣ бинои нави таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31- и ноҳияи Шоҳмансури пойтахтро ифтитоҳ намудем. Ба ин муносибат ҳамаи шуморо самимона табрик мегӯям.

Баланд бардоштани нишондиҳандаҳои рушди неруи инсонӣ ба воситаи дастрасӣ ба таҳсилот ва муҳайё намудани инфрасохтори зарурии таълиму тарбия яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати Давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Яъне, соҳаи илму маориф дар сиёсати Давлату Ҳукумати мамлакат мақоми калидӣ ва бисёр муҳим дорад.

Бинобар ин, дар замони Истиқлолияти давлатӣ ва хусусан, солҳои охир, ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, фароҳам овардани шароити муосири таълиму тарбия ва дастгирии иҷтимоии омӯзгорону хонандагони лаёқатманд, махсусан дар пойтахти мамлакат, чораҳои мушаххас амалӣ гардида истодаанд.

Бо афзоиш ёфтани аҳолии шаҳри Душанбе шумораи хонандагону донишҷӯён низ сол ба сол зиёд мегардад. Имрӯз дар пойтахти кишвар 318 муассисаи таълимӣ 357 ҳазор нафар хонандаву донишҷӯро ба раванди таълиму тарбия фаро гирифтаанд. Аз ҷумла, 126 муассисаи томактабӣ бо фарогирии қариб 28 ҳазор нафар кӯдак, 144 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 190 ҳазор нафар хонанда, 11 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои беш аз 6 ҳазор нафар, 13 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бо фарогирии 17 600 нафар ва 24 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо фарогирии қариб 115 ҳазор нафар донишҷӯ фаъо­лият менамояд.

Дар шароити имрӯза талабот ба ҷойи нишасти хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт дар як баст беш аз 73 ҳазорро ташкил медиҳад, ки чунин вазъ мунтазам бунёд кардани инфрасохтори иловагӣ, яъне мактабу синфхонаҳои навро тақозо менамояд.

Моҳи феврали соли 2017 ҳангоми вохӯрӣ бо роҳбарону фаъолони шаҳр дастур дода будам, ки дар муддати се сол, яъне то соли 2020 дар шаҳри Душанбе 25 муассисаи нави таҳсилоти умумӣ сохта, ба истифода дода шавад.

Соли 2017 ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе 8 муассисаи нави таълимӣ бо 13 720 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд.

Ҳамчунин, дар ин муддат корҳои лоиҳакашиву сохтмони боз 8 муассисаи таълимӣ барои 13 688 нафар хонанда оғоз гардиданд.

Ҳоло аз ҷониби Вазорати маориф ва илм сохтмони 3 муассисаи таълимӣ барои 2 080 ҷойи нишаст ба маблағи зиёда аз 24 миллион сомонӣ ва аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар корҳои лоиҳакашиву сохтмони 5 муассиса барои 11608 ҷойи нишаст ба маблағи умумии 125 миллион сомонӣ идома дорад.

Рӯзҳои наздик яке аз иншооти зикршуда — муассисаи таълимии №55, ки дорои 3 000 ҷойи нишаст мебошад, ба маблағи қариб 36 миллион сомонӣ ба истифода дода мешавад.

Илова бар ин, соли 2019 Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент дар шаҳри Душанбе сохтмони боз се мактаби дигарро барои 3600 нафар хонанда оғоз мекунад.

Қобили зикр аст, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар зарфи якуним соли охир барои таъмин намудани рушди соҳаи маорифи пойтахт як силсила корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст.

Соли 2017 аз ҳисоби буҷети шаҳр ба соҳаи маориф 428 миллион сомонӣ ҷудо гардида, сохтмони ду муассисаи таълимӣ бо 3 680 ҷой, як муассисаи томактабӣ барои 320 ҷой, инчунин, азнавсозӣ ва таъмири асосии 6 муассисаи таълимӣ ба анҷом расонида шудааст.

Дар соли 2018–ум барои маблағгузории соҳаи маорифи шаҳр беш аз 429 миллион сомонӣ пешбинӣ карда шуда, то имрӯз қариб 190 миллион сомонии он аз худ гардидааст.

Дар ин давра барои беҳтар гардонидани раванди таълим дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, таъмини онҳо бо утоқҳои фанниву озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ се барномаи муҳим ба маблағи умумии қариб 30 миллион сомонӣ қабул гардид, ки тибқи таҳлилҳо ҳоло муваффақона татбиқ шуда истодаанд.

Соли 2018 аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр 4 муассисаи нави таълимӣ барои 5 760 нафар хонанда сохта ва ба истифода дода, биноҳои 4 муассиса аз таъмири асосӣ бароварда шуданд.

Илова бар ин, таъмиру таҷдиди 3 муассисаи томактабӣ барои 1 380 ҷой аз ҳисоби буҷети шаҳр ва 11 муассисаи томактабӣ барои 2054 ҷой аз ҳисоби соҳибкорон бомаром идома дорад.

Ҳоло дар пойтахт аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ сохтмони чор муассисаи таълимӣ барои 8040 ҷой идома дошта, дар рӯзҳои наздиктарин як муассиса бо 1280 ҷойи нишаст ба истифода супорида мешавад.

Дар баробари ин, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм ва дигар сохтору мақомоти дахлдор ба масъалаи ободу зебо ва тозаву озода нигоҳ доштани муассисаҳои навбунёди таълимӣ, ҳолати беҳдоштии онҳо, кабудизоркунӣ ва шинонидани дарахтони ороишиву сояафкан, инчунин, пайвастшавии пурраи муассисаҳои таълимӣ ба шабакаҳои гармидиҳӣ мунтазам чораҷӯйӣ намоянд.

Ҳамчунин, зарур аст, ки масъалаи ба муассисаҳои таълимӣ қабул кардани фарзандони сокинони шаҳри Душанбе ба танзим дароварда шавад.

Тибқи маълумот дар нимсолаи якуми соли 2018 дар шаҳри Душанбе 75 ҳазор адад либоси мактабӣ ба маблағи 3,4 миллион сомонӣ истеҳсол карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба талабот (110 ҳазор адад) хеле кам мебошад. Волидайни хонандагон аз сифат ва тарҳи дӯхти либосҳои мактабӣ қаноатманд нестанд ва бо ин сабаб қисми зиёди либосҳо дар анборҳо боқӣ мондааст.

Бо дарназардошти чунин вазъ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо зарур аст, ки дар масъалаи бо тарҳи замонавӣ ба роҳ мондани дӯхти либоси мактабӣ, таъмин намудани талабот ба он ва то оғози соли нави хониш ташкил кардани ярмаркаҳои фурӯши либосу лавозимоти хониш тадбирҳои саривақтӣ андешад.

Инчунин, роҳбарону масъулони соҳаи маорифи шаҳр бояд ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳама зинаҳои таҳсилот, бартараф намудани норасоии кадрҳои баландихтисос дар муассисаҳои таълимӣ ва бозомӯзии омӯзгорони мактабҳо эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Ба шогирдон ҳар чӣ бештар омӯзонидани фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои замонавӣ низ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини аҳли маориф мебошад.

Хонандагони мактабҳои шаҳри Душанбе бояд ифтихор дошта бошанд, ки дар муассисаҳои таълимии пойтахти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикис­тон таҳсил мекунанд.

Мо барои таълиму тарбияи онҳо беҳтарин шароитро фароҳам овардаем. Шогирдони мактабҳои пойтахт бояд дар таҳсил ва одобу рафтор намунаи ибрат бошанд.

Омӯзгорону устодон ва падару модарон ба онҳо бояд ин нуктаҳоро дуруст фаҳмонанд ва онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва риояи меъёрҳои одобу ахлоқи ҳамида тарбия кунанд.

Омӯзгорону шогирдони азиз!

Бунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо харҷи беш аз 37 миллион сомонӣ амалӣ гардидааст.

Муассисаи таълимӣ барои 3120 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, аз чор ошёна, 61 синфхона, ошхона, толорҳои варзишӣ, маҷлисгоҳ, китобхонаи электронӣ ва дигар инфрасохтори ҷавобгӯ ба талаботи рӯз иборат мебошад. Яъне, дар он барои дар сатҳи замонавӣ ташкил намудани раванди таълиму тарбияи хонандагон, гузаронидани машғулиятҳои гуногуни варзишӣ ва чорабиниҳои беруназсинфӣ шароити сатҳи олӣ муҳайё карда шудааст.

Барои дар муҳлати хеле кӯтоҳ ва бо сифати баланд фароҳам овардани чунин шароит сохтмончиён софдилона заҳмат кашидаанд, ки ба ҳамаи онҳо миннатдорӣ баён менамоям.

Ба ҳар яки шумо, омӯзгорону шогирдони азиз ва падару модарони гиромӣ, ифтитоҳи боз як макони илму боргоҳи маърифатро бори дигар табрик гуфта, бароятон саломативу саодати рӯзгор, барору муваффақият ва ба шумо, фарзандони азиз, хушбахтиву хониши хубу аъло орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!