Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС дар ҳошияи Ҳамоиши БРИКС, Хитой, панҷуми сентябри соли 2017

№108 (3745) 09.09.2017

37045458255_80941ee90b_oҶаноби Олӣ, муҳтарам Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой! Ҷанобони Олӣ — муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо!

Хонумон ва ҷанобон!

Пеш аз ҳама, иҷозат фармоед ба ҷониби Хитой ва шахсан ба Шумо, ҷаноби Раис, барои даъват ҷиҳати иштирок дар ин ҳамоиши муҳим миннатдории самимӣ баён намоям.

Муколамаи имрӯзаро мо ҳамчун имконияти мусоид барои мубодилаи афкори созанда оид ба тақвияти ҳамкории амалии бисёрҷониба, ки ба таҳкими сулҳ, амният ва беҳбудии некуаҳволии мардумонамон нигаронида шудааст, арзёбӣ мекунем.

Шарикии зич ба хотири рушди умумӣ ва таъмини ояндаи дурахшон дар ҳалли масъалаҳои мубрами рушди устувор ва мушкилоти иҷтимоию иқтисодии ҷаҳони муосир нақши асосӣ мебозад.

Ин мавзӯъ дар робита ба хатарҳои глобалӣ, ки соҳаҳои мухталифи ҳаёти инсониро фаро мегиранд ва дар назди мо вазифаҳои нави маҷмӯӣ мегузоранд, аҳамияти хоса касб кард.

Соли 2015 Созмони Милали Муттаҳид Барномаи нави амалро оид ба расидан ба рушди устувор барои наслҳои имрӯзу фардо қабул кард.

Дар Рӯзномаи рушди устувор шарикии глобалӣ дар рӯҳияи ҳамбастагии умумӣ ва ҷалби фаъолонаи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар амалисозии ҳадафу вазифаҳои он ҷойи муҳим дорад.

Дар ин кор Барномаи амали Аддис-Абеба оид ба маблағгузории рушд  қисми ҷудонопазири Рӯзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030 ҷойи марказиро ишғол мекунад.

Маълум аст, ки гузариш ба рушди устувор осон нахоҳад буд.

Бинобар ин, рӯҳияи ҳамбастагии байналмилалиро таҳким бахшида, мусоидат ба кишварҳое, ки дар расидан ба он ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд, муҳим мебошад.

Ҳамзамон, бояд зикр кард, ки як қатор кишварҳои рушдёбанда, аз ҷумла Тоҷикистон, ба татбиқи Барномаи нави амал оид ба рушди устувор дар шароити на чандон мусоид оғоз мекунанд.

Айни ҳол, қисми зиёди хароҷоти Буҷети давлатии Тоҷикистон ба бахши иҷтимоӣ, аз ҷумла ба таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳои асосии иҷтимоӣ, равона карда мешавад.

Дар баробари ин, имкониятҳои маблағгузории давлатӣ ба бахши мазкур дар солҳои охир бо баъзе афзоиши сусти иқтисодиёти воқеии кишвар маҳдуд мешаванд.

Имрӯз Ҳукумати мамлакат барои сабуктар намудани оқибатҳои манфии мушкилоти молиявию иқтисодӣ ва таъмини афзоиши самарабахши иқтисодиёт аз ҳисоби имконоти дохилӣ тадбирҳои иловагӣ меандешад.

Маълум аст, ки солҳои охир талошҳои як зумра кишварҳо барои расидан ба рушди устувор бинобар шиддати буҳронҳои иқтисодию молиявӣ ва дигар омилҳо, инчунин тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ, ба таври ҷиддӣ зарар мебинанд.

Дар ин шароит нақшаҳо ва барномаҳои амал оид ба рушди устувор бояд бо роҳи дурусти татбиқ, аз ҷумла захираҳои молиявӣ ва технологияҳо тақвият дода шаванд.

Кишварҳои БРИКС, ки дорои захираҳои фаровони табиӣ ва инсониянд, метавонанд дар ин раванд саҳми назаррас гузоранд.

Бонки рушди БРИКС дар дастгирии талошҳои кишварҳои рушдкунанда оид ба истифодаи маҷмӯии иқтидорҳои онҳо ҷиҳати таъмини рушди устувор нақши бузург бозида метавонад.

Сафарбаркунии захираҳои технологӣ, молиявӣ, инсонӣ ва табиии ҷонибҳо барои ба роҳ мондани татбиқи муштараки барномаҳо ва лоиҳаҳо, ҳавасмандгардонии шаклҳои устувори истеҳсолӣ ва истеъмолӣ, ҷорӣ намудани навовариҳо дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ имконият медиҳад.

Ин омилҳо, дар маҷмӯъ, барои таҳкими ҳамгироии мо дар соҳаи татбиқи пурраи Рӯзномаи умумиҷаҳонии рушди устувор мусоидати назаррас хоҳанд кард.

Ҳамзамон, зарур аст, ки тадбирҳои андешидашуда барои фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ нигаронида шаванд ва онҳо набояд ба афзоиши баланди қарздории кишварҳо оварда расонанд.

Дар робита ба ин, муҳимияти афзоиши кумаки расмии рушд — ҷузъи муҳими маблағгузории рушд боқӣ мемонад.

Дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ҷоннок намудани муҳаррикони асосии афзоиши истеҳсолӣ — савдо ва сармоягузорӣ ва ҳамаҷониба ҳавасманд намудану додани технологияҳои устувори нав ва экологӣ ба кишварҳои рушдкунанда муҳим аст.

Дастрасӣ ба хидматҳои боэътимод ва арзони энергетикӣ барои беҳбуд бахшидани некуаҳволии мардумони мо аҳамияти муҳим дорад.

Мо бар он назарем, ки бо мақсади таъмини дастрасии устувор ба хидматҳои энергетикӣ бояд ба зиёд кардани ҳиссаи истеҳсоли энергияи тоза ва барқароршаванда дар сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат ва маблағгузорӣ кард.

Бо андешаи мо, рушди маҷмӯии гидроэнергетика, қисми ҷудонашавандаи «неруи сабз», якҷоя бо истифодаи иқтидори дигар навъҳои энергияи барқароршаванда, ба таъмини амнияти энергетикӣ ва устувори неруи барқи кишварҳои мо мусоидат хоҳад кард.

Бо дарназардошти ин, Тоҷикистон ба рушди соҳаи гидроэнергетикии худ, ки иқтидори он бузург аст ва ба мо имкон медиҳад, ки ҳар сол то панҷсаду сӣ миллиард киловатт/соат неруи барқ истеҳсол намоем, аҳамияти бузург медиҳад.

Тамоюлҳои ҷаҳонии тағйирёбии иқлим ва тақвияти таназзули захираҳои табиӣ, офатҳои табиӣ ва техногении гуногун ба таври ҷиддӣ ба кӯшишҳои мо барои расидан ба рушди устувор халал мерасонанд.

Маълум аст, ки тадбирҳои самарабахш барои паст кардани оқибатҳои ин тамоюлҳо тақвияти кӯшишҳоро барои гузариш ба «иқтисодиёти сабз» дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ талаб мекунанд.

Тадбирҳое, ки дар ин самт бояд андешида шаванд, сармоягузории воқеиро ба инфрасохтор ва истеҳсолот, ҷорӣ намудани технологияи нав, аз ҷумла технологияи рақамӣ оид ба кам кардани шиддати неруи барқ ва истеҳсоли моддӣ тақозо мекунанд.

Агар шарикӣ ба ин самтҳои муҳим равона гардад, пас метавон дар роҳи расидан ба рушди устувор ба пешрафти ҷиддӣ ноил шуд.

Қисмати дигари муҳими стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардумонамон низоми нақлиётии устуворамалкунандаи миллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Набудани дастрасӣ ба баҳр ҳамгироии самараноки иқтисодии кишварҳои рушдкунандаро ба низоми бисёрҷонибаи тиҷорат мушкил мекунад ва ба дигар ҷанбаҳои рушди устувор таъсири манфӣ мерасонад.

Дар ин росто, мо ба дастгирӣ ва ҳавасмандии кӯшишҳои ин гурӯҳ кишварҳо дар ташкили низоми муносиби нақлиётию транзитӣ умед дорем.

Айни ҳол, мо якҷоя бо шарикони байналмилалӣ дар татбиқи як зумра лоиҳаҳои энергетикӣ ва инфрасохтории дорои аҳамияти минтақавӣ кор карда истодаем.

Мо ҳамеша ҳама гуна ташаббусҳои созандаро, ки ба рушди ҳамкории минтақавии иқтисодиву тиҷоратӣ дар асоси манфиатҳои ҳамдигарӣ равона шудаанд, дастгирӣ мекардем ва дастгирӣ менамоем.

Дар робита ба ин, мо ба ташаббуси Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой, ҷаноби Си Ҷинпин — «Як камарбанд, як роҳ», ки ба ҳалли ҳадафҳои стратегӣ, таҳия ва татбиқи муштараки барномаҳои таъмини рушди устувори иқтисоди мо равона шудааст, баҳои баланд медиҳем.

Батадриҷ ба ҳаёт татбиқ намудани ин ташаббус метавонад дар рушди ҳамкорӣ дар шакли «Ҷануб-Ҷануб» ва дар доираи Рӯзномаи 2030 омили муҳим гардад ва мо онро ба манфиати пешбурди раванди идоракунии иқтисоди ҷаҳонӣ дастгирӣ мекунем.

Мо омодаем, ки ҳамкориро бо ҳамаи давлатҳо ва сохторҳои бисёрҷанбаи ҳамгироии байналмилалӣ дар таъмини рушди устувор таҳким бахшем.

Истифодаи васеи имкониятҳои майдонҳои боэътимоди шарикӣ чун СҲШ ва БРИКС дар ин масъала комилан муҳим ва асоснок ҳисобида мешавад.

Самимона умед дорам, ки натиҷаҳои муколамаи имрӯза омили дигаре дар рушд ва таҳкими маҷмӯи ҳамкории мутақобилан судманд миёни кишварҳоямон мегарданд.

Ташаккур барои таваҷҷуҳатон!