Таъиноти кадрӣ

№145 (3291) 03.12.2014

Дуюми декабри соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Зимни тағйироти кадрӣ раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Қайроққум, Конибодом, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Мастчоҳи вилояти Суғд, ноҳияҳои Вахшу Носири Хусрави вилояти Хатлон иваз карда шуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз мушкилу монеаҳои мавҷуда дар роҳи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои ҷумҳурӣ, иҷрокунандаҳои нави вазифаҳои раисони шаҳру ноҳияҳои номбурдаро ба кори софдилонаю содиқона ва хизмати бомасъулият ба мардум ҳидоят намуд.

Тавре таъкид гардид, дастгирии соҳибкории хурду миёна, мусоидат ба рушди бомароми кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, афзун намудани нишондодҳои истеҳсолию содиротӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ аз вазифаҳои муҳимтарини роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо аст.

Ҳамин тариқ, Қиматгул Алибердиева иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шуд. Раиси собиқи ин шаҳр Фаромуз Имомбердиев ба вазифаи машваратчии шуъбаи амнияти ҷамъиятии дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Ҳамчунин таъин карда шуданд:

- Худойназар Амонзода — иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд;

- Матлубахон Сатториён — иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд;

- Ғайбулло Боҳиров — иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодоми вилояти Суғд;

- Маҳмадҷобир Ризоев — раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд;

- Ғайрат Азизов — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд;

- Шарбатулло Девонаев — раиси ноҳияи Вахши вилояти Хатлон;

-Рамазон Оймаҳмадов — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон.

www.president.tj