Таъиноти кадрӣ

№142 (3936) 24.11.2018

44193047950_3b004a2959_o (1)23 ноябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти роҳбарони баъзе вазорату идора ва раисони шаҳру ноҳияҳои мамлакат тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони ноҳияҳои Рӯдакӣ, Тоҷикобод, Данғара, Ховалинг ва ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз вазифа­ҳояшон озод гардиданд.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфӣ Муҳаммадраҳим — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Акрамзода Рустам — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ, Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Тоҷикобод, Раҳмон Исломиддин Хайриддин — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ва Акрамзода Парвиз Акрам — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон таъин гардиданд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Табарзода Ҷамшед Авзал директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Шодихон Ҷамшед муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин, Шарифзода Иззатулло бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини вазир — сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардиданд. Умаров Мансурҷон Ғаффорович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ озод ва ба вазифаи муовини вазир — сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъули давлатӣ таъин гардиданд, ба хизмати соф­дилонаву поквиҷдонона ва дар доираи қонун иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ даъват намуданд.

- Ҳамаи шумо ҷавонони соҳибтаҷриба, мутахассиси соҳаҳои худ ҳастед. Зимни иҷрои вазифаҳои хизматиятон кӯшиш намоед, ки дар оянда намунаи ибрати дигарон ва соҳиби эҳтироми мардум гардед, — таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

www.president.tj