Таъиноти кадрӣ

№40 (3990) 11.04.2019

40611716603_fdccbdcb9c_o10 апрели соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати корҳои хориҷӣ, Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», муовинони раиси шаҳри Душанбе ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат Зоҳидӣ Низомиддин аз вазифаи муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ озод ва ба вазифаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон таъин гардид.

Нозирӣ Хусрав аз вазифаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар Ҷумҳурии Мисри Араб озод ва ба вазифаи муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд. Қодирӣ Ардашер сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия таъин гардид.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфзода Шаҳло ва Ризвонзода Фирдавс муовинони раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Бақозода Сайрам муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзозода Ардашер муовини сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бобозода Ҳокимшоҳ директори Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Назирмадзода Бахтиёр муовини якуми директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъин карда шуданд.

Мутобиқи моддаи 20-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» барои аз вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон озод ва ба вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе таъин гардидани Гуреззода Умед розигӣ дода шуд.

www.president.tj