Таъиноти кадрӣ

№67 (4017) 13.06.2019

    11 июни соли 2019 мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Акрамов Аҳтам Маҳрамович бо сабаби вазъи саломатӣ муддати дароз вазифаҳои худро иҷро карда натавонистан, дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Лутфуллозода Шавкат бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш, дар бораи муовини якуми раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Лутфуллозода Шавкат, дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Давлатзода Хусрав, Раҳмонзода Маҳмад ва Ҳаким Рухшона ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд.

www.president.tj