Таъиноти кадрӣ

№87 (4037) 20.07.2019

48320631982_aa80f82b97_o19 июли соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои сатҳи роҳбарикунандаи сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот таъин гардиданд, иброз доштанд, ки вазъи кунунии ­ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳар як хизматчии одӣ ва роҳбари воҳиду сохторҳои давлативу низомӣ муносибати ҷиддӣ дар доираи оиннома ва дигар санаду меъёрҳои танзимкунандаи фаъолияти соҳаро талаб менамояд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинони Фармондеҳ, командирони бригада ва қисмҳои алоҳидаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби хатмкардагони муассисаҳои олии ҳарбии ватанӣ ва хориҷӣ таъин шуданд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муовини директори Агентии таъминоти амволи махсус, муовини якум ва муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати роҳбарикунандаи муассисаҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ва сохтори марказии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти ҷиддии кадрӣ сурат гирифт.

Пешвои миллат, Президенти мамлакат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳолати воқеӣ ва камбуду норасоӣ дар фаъолияти роҳбарон ва хизматчиёни воҳиду сохтори низомиро таҳлилу баррасӣ намуда, дар назди ҳар як роҳбар ва масъули соҳа ҷиҳати ислоҳи саривақтии онҳо вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Таъкид гардид, ки фаъолияти шаффоф ва дар чорчӯбаи қонун ба роҳ мондани фаъолияти кории хизматчиёни низомӣ ва давлатӣ аз ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии ҳар як мутахассис вобастагӣ дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, ҳамчунин, аз шароити хубу мусоиди таълиму тарбия, обутоби бадан дар қисмҳои низомӣ ва дигар ҷузъу томҳои ҳарбӣ ёдовар шуда, барои пурра решакан кардани амалҳои номатлуб, аз қабили ришваситонӣ, зӯроварӣ, тасарруфи молу ашёи давлатӣ ва дигар қонунвайронкуниҳо ба масъулини соҳа супоришҳои қатъӣ ва муҳлатнок доданд.

www.president.tj