Таъиноти кадрӣ

№88 - 89 (4038 - 4039) 23.07.2019

22 июли соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, таҳлилу баррасии корҳои ободонию бунёдкорӣ, вазъи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ва ошкор намудани як қатор камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти роҳбарони баъзе аз ноҳияҳои вилоят тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони шаҳри Норак, ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, Ёвон, Ҷайҳун, Панҷ, Шаҳритуз, Носири Хусрав, Восеъ, Темурмалики вилояти Хатлон ва ноҳияи Сангвор аз вазифа озод ва ба ҷойи онҳо роҳбарони кордону масъулиятшинос, дорои нишондиҳандаҳои хуби меҳнатӣ таъин шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъули давлатӣ таъин гардиданд, ба хизмати софдилонаву поквиҷдонона, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватандӯст, дигар шахсони саховатпеша ва аҳолӣ бунёд ва азнавсозии иншооти таъиноти гуногун ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи қонун иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ даъват намуданд.

www.president.tj