Таъиноти кадрӣ

№131 (4081) 31.10.2019

30 октябри  соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунандаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни суҳбат Пешвои миллат асосан оид ба таъмини суботу амният, таҳкими волоияти қонун, мубориза алайҳи ҳама гуна ҷинояткорӣ, бахусус, терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳое, ки дар шароити авзои мураккабу печидаи минтақа ба зиндагии осудаи мардум хатар доранд, изҳори андеша намуданд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолзода Фарҳод Воҳид, ки то имрӯз ба ҳайси раиси Кумитаи бехатарии озуқавории ­назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъо­лият менамуд, ба вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд. Ҳамчунин, дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсатҳои мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон, сардори шуъбаи рақами 2-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ, сардорони шуъбаҳои якуму дуюм дар ноҳияи Сино, шуъбаи дуюми Вазорати корҳои дохилӣ дар ­ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Қубодиён, Балҷувон, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Дӯстии вилояти Хатлон, ноҳияҳои Лахш ва шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд аз ҳисоби кормандони соҳибтаҷриба, кордону болаёқат таъин гардиданд.

Пешвои миллат дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созандаи Ҳукумат — рушди устувор ва таъмини зиндагии шоистаи мардум ба роҳбарону масъулини сохторҳои таъминкунандаи амнияту тартибот супоришҳои машаххас дода, таъкид намуданд, ки тарбияи кадрҳои ҷавону умедбахш вазифаи асосии ҳар як роҳбар ба ҳисоб меравад.

- Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои давлату миллат, шаҳрвандон, пешгирии амалҳои номатлуб, бахусус, зӯроварӣ ва ришваситонӣ, аз ҷумлаи масъалаҳоеанд, ки бояд дар ин самт муборизаро пурзӯр намуд, — таъкид карданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

www.president.tj