Таъиноти кадрӣ

№13 (4119) 28.01.2020

24 январи соли 2020 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда дар як қатор вазорату кумитаҳои давлатӣ таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазирони рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш, ректорони як қатор муассисаҳои олии таълимӣ аз вазифаҳои ишғолкардаашон озод гардиданд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, сардори шуъбаи рақами 1-и Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Бӯстон ва ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, сардори Раё­сати тафтишоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони шуъбаҳои корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Левакант, Норак, Фархор, Шамсиддини Шоҳин, Ховалинг ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон, сардори қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, сардори шуъбаи рақами 1-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар хати истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбеи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт, сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба вазифаҳо таъин гардиданд.

Зимни суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кадрҳои таъиншуда ҷиҳати боз ҳам ҷоннок намудани самаранокии фаъолияти вазорату идораҳо, рафъи камбудиҳои ҷойдошта, таъмини зиндагии шоистаи мардум, боло бурдани иқтидори молиявию иқтисодии давлат, ҷалби сармояи хориҷӣ, тарғибу ташвиқи дастовардҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, таъмини амнияту тартибот зимни баргузории чорабиниҳои муҳим дар соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳои дар Паём ироагардида, ки раҳнамои кории ҳар як вазорату идора ва шаҳрванд мебошад, супоришҳои мушаххас доданд.

www.president.tj