Таъиноти кадрӣ

№22 (4128) 18.02.2020

49524810111_68bf3974d5_o14 феврали соли 2020 дар толори Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки ба ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумита ва сохторҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд, мулоқот намуданд.

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ва Исматуллозода Ширин Исматулло — муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд. Ба вазифаи муовинони вазири кишоварзӣ, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои ҷавон таъин гардиданд, ки дар баробари таҷрибаи корӣ ва малакаи роҳбарӣ бо зиёда аз ду забони хориҷӣ муоширати озод карда метавонанд.

Ҳамчунин, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якум ва муовинони раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд.

Мутобиқи банди 9 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати додани ризоят дар бораи аз вазифаи муовини якуми прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Назарзода Ҳотам Назрулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш, аз вазифаи муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Осимзода Муҳаммадиброҳим бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш, аз вазифаи муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ваҳобов Валӣ Манонович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш, дар бораи ба вазифаи муовини якуми прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳикматуллозода Абдуғаффор, муовинони прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Талбакзода Дилшод Саид ва Раҳимзода Абдураҳим Абдухолиқ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон прокурори шаҳри Душанбе, прокуророни ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе, муовинони прокурори вилоятҳои Хатлону Суғд, прокуророни шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода, Бӯстони вилояти Суғд, ноҳияҳои Ёвон, Қубодиён, Муъминободи вилояти Хатлон, Ҷаббор Расулов ва Айнии вилояти Суғд иваз карда шуданд.

Зимни суҳбат бо кадрҳои таъингардида Пешвои миллат иброз доштанд, ки вазифаи асосии ҳар як мутахассис, дар баробари иҷрои вазифаҳои хизматӣ, бо дасту дилу нияти пок ба Ватан ва миллат хизмат кардан аст.

Аз кормандони мақомоти Прокуратураи генералӣ бо қатъият талаб карда шуд, ки нисбат ба қонуншиканӣ дар хариду фурӯши замин, ҷиноятҳои дорои характери коррупсионӣ, терроризм, ифротгароӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ муборизаи дастаҷамъона баранд.

- Дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҷиддӣ ва серталаб бошед, назорати якхелаи татбиқи қонунҳои амалкунандаро дар мамлакат таъмин намоед, уҳдадориҳои оинномавии худро дар чаҳорчӯбаи қонун амалӣ карда, намунаи ибрат дар ҷомеа бошед, — таъкид намуданд Сарвари давлат.

www.president.tj