Таъиноти кадрӣ

№33 (4295) 12.03.2021

51021360953_a72022e480_o10 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ахмедов Асомуддин аз вазифаи муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ озод ва Саодатзода Раҷаб ба ин вазифа таъин гардид. Ҳамчунин, дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якум ва муовинони раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифа озод гардида, кадрҳои ҷавону дорои қобилияту малакаи роҳбарӣ ба вазифаҳои муовини якум ва муовинони раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ таъин шуданд.

Дар воҳидҳои сохторӣ ва ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ тағйироти кадрӣ сурат гирифта, сардорони раёсатҳо, қисмҳои низомӣ, гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва ҷузъу томҳои он дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҳисоби мутахассисони дорои ду ва ё зиёда маълумоти тахассусии муассисаҳои олии мамлакат ва хориҷи кишвар таъин гардиданд.

Мутобиқи моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар як қатор шаҳру навоҳии мамлакат аз вазифа озод гардида, дар баъзе аз раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат низ тағйироти ­кадрӣ сурат гирифт.

Пешвои миллат зимни суҳбат таваҷҷуҳи асосиро ба бозомӯзӣ, такмили ихтисос, забондонӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, оромиву субот, мубориза алайҳи қонуншиканӣ, алалхусус, қочоқи маводи мухаддир ва молу маҳсулот тавассути сарҳади давлатӣ равона намуда, изҳори умед намуданд, ки кадрҳои далеру ҷасур, ватандӯсту содиқ ба давлату миллат метавонанд аз уҳдаи масъулият ва вазифаҳои ба дӯшдоштаашон бароянд.

Дар мулоқот, инчунин, аз як қатор камбудиҳо дар сохторҳои зикршуда ёдовар гардида, ба роҳбарони сохторҳо барои рафъи онҳо дастурҳои мушаххас дода шуданд.

www.president.tj