Таъиноти кадрӣ

№141 (4403) 18.11.2021

1024px-Dushanbe_Presidential_Palace_01-1000x60017 ноябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар вазифаҳои пурмасъули роҳбарии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Хатлону Суғд таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни мулоқот Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо ҷиҳати иҷрои ҳадафҳои созанда ва татбиқи сиёсати роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар, аз қабили таъмини амнияти озуқаворӣ, татбиқи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои ободонӣ, истифодаи оқилонаи ҳар як порча замини корам ва заминҳои наздиҳавлигӣ, гирифтани ду — се ҳосил аз заминҳои обӣ, рушди бахши кишоварзӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулот, ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ баҳри рушди соҳа, дастгирии соҳибкорӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифати кишоварзӣ, рушди соҳаи агросаноатӣ, аз ҷумла тухмипарварӣ, зироатпарварӣ, чорводорӣ ва ғайра, дастуру супоришҳои муфид доданд.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ширинзода Эраҷ Сифот ирсол гардид.

Инчунин, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон раисони ноҳияҳои Ванҷ ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Кӯлоб, Левакант, ноҳияҳои Восеъ, Фархор, Темурмалик, Балҷувон, Дӯстӣ, Носири Хус­рави вилояти Хатлон ва ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд озод ва ба ҷойи онҳо кадрҳои нав таъин карда шуданд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Бахтиёр Ғанӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» озод гардид.