Таъиноти кадрӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

№137 (4243) 06.11.2020

Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» аз сеюми ноябри соли 2020 Салимзода Амонулло муовини якуми раиси вилояти Хатлон ва Файзуллозода Заробиддин муовини раиси вилояти Хатлон таъин гардида, Исмоилзода Абдуалим аз вазифаи муовини якум ва Зоҳирзода Умед аз вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон озод карда шуданд.