Тағйироти кадрӣ

№115 (3416) 28.08.2015

Бисту шашуми августи соли 2015 бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат як қатор тағйироти кадрӣ ба амал бароварда шуд.

Ғуломов Алиҷон Амрихудоевич аз вазифаи раиси суди ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинобар нисбати ӯ бароварда шудани ҳукми айбдоркунии суд ва эътибори қонунӣ пайдо кардани он озод шуд.

Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн аз вазифаи муовини якуми раиси Суди вилояти Суғд озод гардид.

Ваколати судяи Суди вилояти Суғд Қурбонова Фирӯза Тӯхтабоевна бинобар вафоташ қатъ карда шуд.

Нозирӣ Зокир Вализода аз вазифаи судяи Суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо хоҳиши худ озод гардид.

Раҳматзода Рустам Мирзо бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» озод шуд.

Исмоилов Мирзо Ибрагимович раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» таъин гардид.

Раҳматзода Рустам Мирзо дар мувофиқа бо Президенти мамлакат муовини якуми раиси вилояти Суғд таъин карда шуд.

www.president.tj