Таҷлили «Рӯзи дониш», дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил дар ДДТТ

№108 (3902) 04.09.2018

44349148882_25fa2b8197_o1 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои пойтахт парда аз рӯйи муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино бардошта, дар таҷлили «Рӯзи дониш», дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикис­тон ба номи Абӯалӣ ибни Сино иштирок карданд.

Ёдовар мешавем, ки 28 апрели соли 2017 Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои нави марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино санги асос гузошта буданд.

Тибқи лоиҳа, шаҳраки нави Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон масоҳати наздик ба 11 гектар заминро дар бар гирифта, дар ҳудуди он хонаҳои истиқоматии баландошёна барои омӯзгорон, биноҳои хобгоҳ барои донишҷӯён, толори варзишӣ, ҳавзи шиноварии пӯшида бо ҷойи нишасти тамошобинон, биноҳои озмоишгоҳҳо, ошхона, 3 адад бинои таълимии иловагӣ, майдони варзишӣ, бинои баланд­ошёнаи маъмурию таълимӣ бо маҷлисгоҳ ва муҷассамаи шоиру олими барҷаста ва нобиғаи ҷаҳонӣ Абӯалӣ ибни Сино ҷойгир шудааст.

Муассисаи таълимӣ, ки соли 1939 ҳамчун донишкада ба фаъолият оғоз кардааст, соли 1992, баъди соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурӣ, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ табдил дода шуд.

Донишгоҳ 79 сол боз барои муассисаҳои тандурустии мамлакат мутахассис тайёр мекунад ва пойгоҳи асосии таълимӣ, илмӣ-методии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Дар он 3 академик, 4 узви вобастаи Академияи илм­ҳо ва илмҳои тиб, 83 доктори илм, профессор, 229 номзади илм, дотсент, 325 муаллими калон ва ассистент фаъолият намуда, то кунун зиёда аз 42 ҳазор нафар табиб тайёр кардааст, ки 1500 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ аз 36 давлати дунё мебошанд. Айни замон дар донишгоҳ 790 нафар муҳассили хориҷӣ аз 13 мамлакат, аз қабили Ҳиндустон, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Латвия, Озарбойҷон, Афғонис­тон, Яман, Дания ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка таҳсил доранд. Имсол тибқи квота донишҷӯён аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

Дар донишгоҳ мутобиқи ихтисосҳои ҷойдошта 5 факултет — тиббӣ, педиатрӣ, стоматологӣ, нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ, фармасевтӣ мавҷуд аст. Аз рӯйи 39 ихтисос таҳсилоти баъдидипломӣ — таҳсил дар зинаи ихтисосгирии аввалия, магистратура, аспирантура, докторантура ва таҳсилоти иловагӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар сохтори донишгоҳ 10 шуъба, 11 марказ, 11 шӯро ва 27 озмоишгоҳ бомуваффақият фаъолият карда истодаанд  ва дар 10 соли охир 11 марказ, 5 шуъбаи алоҳида ва 1 озмоишгоҳ таъсис ёфтааст, ки самаранок гардидани раванди таҳсилот ва фаъолияти донишгоҳро таъмин менамоянд.

26 декабри соли 2007 дар натиҷаи сӯхтори шадид, масоҳати зиёда аз 9 ҳазор метри мураббаи биноҳои марказии донишгоҳ корношоям гардид. Бинои асосӣ валангор, толорҳо ва синфхонаҳо вайрон шуданд.

Дар натиҷаи чораҳои фаврии андешидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи камтар аз 11 моҳ онҳо пурра барқарор ва аз пештара дида ободу зебо ва бо таҷҳизот муҷаҳҳаз гардиданд.

Танҳо барои сохтмону барқарорсозии биноҳо бо супориши Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон беш аз 14 миллион сомонӣ маблағ сарф шудааст.

25 ноябри соли 2008 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биноҳои марказии донишгоҳ пас аз барқарорсозӣ дубора ба истифода дода шуданд. Ҳамон рӯз, баъди баистифодадиҳии бинои донишгоҳ Сарвари давлат бо шароити нави таълим шинос шуда, бо устодону донишҷӯён мулоқоти самимӣ доир карданд.

Имрӯз низ, баъди пардабардорӣ аз рӯйи муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи нек дар таҷлили «Рӯзи дониш», дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил иштирок ва назди устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, аҳли зиёи кишвар ва кормандони соҳаҳои маорифу тандурустии ҷумҳурӣ бо нутқи пурмуҳтаво баромад карданд.

Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ донишҷӯён ва устодон, аз ҷумла Маликабону Наимзода, Набиҷон Ҳамидов, Нуралӣ Зарифзода, Сабрина Садирова, Гулнора Хоҷиева ва Фуруғ Ҳайдарова андешаронӣ карда, ба Сарвари давлат барои таъмини сулҳу субот, ваҳдати комил, якпорчагии кишвар, талошҳову тадбирҳо барои зиндагии шоистаи мардум, пешрафти илму маориф, рушди соҳаи тандурустии мамлакат изҳори сипос намуданд.

Зимни ҷамъбасти чорабинӣ Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли баъзе аз масъалаҳои муҳим ибрози назар ­намуда, дар назди вазорату идораҳои дахлдор, аҳли ҷомеа вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Президенти мамлакат аз вазъи ногувори гирифторшавӣ ба нашъамандӣ ва афзоиши бемориҳои сироятӣ изҳори нигаронӣ карданд.

Таъкид гардид, ки бемориҳои сироятӣ ва нашъамандӣ яке аз мушкилоти замони муосир маҳсуб ёфта, дар қатори дигар касалиҳои ҷанбаи иҷтимоидошта на танҳо ба соҳаи тандурустӣ, балки ба иҷтимоиёту иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон хисорот ворид месозад.

Аз ин рӯ, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои кор бо занон, ҷавонон ва варзиш, корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ, рушди сайёҳӣ, Агентии маводи нашъаовар вазифадор карда шуданд, ки барои пешгирии бемориҳое, ки ба обрӯю эътибори мамлакат таъсир мерасонанд, чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Ҳамчунин, Президенти мамлакат вобаста ба ҳолатҳои истифодаи ғайрисамараноки маблағҳои буҷетӣ дар як қатор муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, даст ба ҷиноят задани кормандони онҳо, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои тиббиро вазифадор карданд, ки барои решакан намудани кирдорҳои номатлуб чораҳои қатъӣ андешанд.

www.president.tj