Тасдиқи рамзи Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ

№32 (4138) 14.03.2020

ramzi2_navruz202013 марти соли 2020 дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои солҳои 2019 — 2021 тасдиқ гардиданд.

Онҳо аз тарафи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар асоси хулосаи донишмандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудаанд.

Рамзи якум арчамонанд буда, аз ҳафт табақ иборат мебошад. Табақҳо аз давра иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамоянд. Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шудааст. Дар гирдогирди табақҳо гулдӯзиҳо ва дар табақи охирон суманак, гули наврӯзӣ чун нишонаи эҳёи табиат гузошта шудааст.

Дар асоси хулосаи донишмандон, мардумшиносон ва фолклоршиносони тоҷик ва дигар олимони ҳавзаи Наврӯз аз миёни рамзҳои наврӯзӣ, ки аз гулҳои бойчечак, сиёҳгӯш, лола, гули зард, шохи дарахти ғунчадор ва парандаҳои асотирии симурғ ва парасту иборатанд, суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, Соли нави миллӣ ва пайки омад — омади баҳори файзбор дар ҷумҳурӣ қабул гардид.

ramzi1_navruz2020Минбаъд суманак ва гули нав­рӯзӣ ҳамчун рамзи миллӣ барои ҷашнгирии Соли нави миллӣ ва Наврӯзи байналмилалӣ истифода хоҳанд гашт.

Донишмандон бар он ақидаанд, ки суманак дар Тоҷикистон маъмул буда, ҳамчун рамзи сарсабзӣ ва хуррамӣ дар арафаи Соли нави миллӣ ва ҷашни Наврӯз омода мешавад. Суманак, инчунин, ифодагари пайдо шудани заминдорӣ ва кишоварзӣ дар миёни қабилаҳои ориёӣ буда, муносибату муҳаббати деҳқонро ба гандум, ки ризқу рӯзии одам аст, ифода менамояд. Дар зарфи гирд омода кардани суманак рамзи коиноту замин буда, ҷовидонагии табиату инсонро тасвир месозад.

Баъди ҷаҳонӣ шудани Иди Наврӯз Созмони Милали Муттаҳид ва созмони ЮНЕСКО суманак дар кураи заминро бо навиштаҷоти «Рӯзи Наврӯзи байналмилалӣ» ҳамчун рамзи наврӯзӣ интихоб карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуданд.

Рамзи дуюм намуди доирашакл дошта, дар мобайни он кураи замин, аз ду тараф Парчами миллӣ ва пайки баҳор — суманак, парасту, нақшу нигори гулдӯзӣ ҳамчун рамзи ҳунарҳои мардумӣ ва рангинкамон бо навиштаҷоти «Наврӯз — 2020» бо забони тоҷикӣ инъикос ёфтааст.

Ба вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо тавсия дода мешавад, ки рамзи якумро ба ҷойи арча дар назди идораҳо, кӯчаву хиёбонҳо, иншооту хонаҳои истиқоматӣ ҳамчун рамзи ҷашни Наврӯз ва таҷлили Соли нави миллӣ аз 19 то 25 марти соли 2020 насб намоянд.

www.president.tj