Тасдиқи рамзи Соли ҷавонон аз ҷониби Пешвои миллат

№35 (3672) 01.04.2017

javonon201731 марти соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз миёни чанд рамзи пешниҳоднамудаи рассомони ҷавон беҳтарин рамзи Соли ҷавононро тасдиқ намуданд.

Он намуди доирашакл дошта, дар атрофаш ҳалқаи сабз тасвир ёфтааст, ки аз сарсабзии кишвар ва озодии ҷавонон шаҳодат медиҳад. Дар ҳалқа матни «СОЛИ ҶАВОНОН» ва «2017» ҷойгир шудааст, ки ифодагари моҳияти рамз мебошад.

Дар мобайни рамз кураи замин, дар рӯи он харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчами миллӣ ва тоҷ ҷойгир буда, аз ягонагӣ ва соҳибистиқлолии давлат шаҳодат медиҳад.

Дар болои харитаи Тоҷикистон ба таври рамзӣ се нафар ҷавонони дастбадаст бо рангҳои ҳамшабеҳи Парчами миллӣ тасвир ёфтаанд, ки ифодагари муттаҳидӣ, хушбахтӣ ва созандагии насли наврас мебошад.

Вазорату идора, ташкилоту муассиса, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи Соли ҷавонон истифода баранд.

www.president.tj