Ба истиқболи 25 - солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ваҳдатовар

№117 (3754) 03.10.2017

Эмомали РахмонТаърих беҳтарин омӯзгор аст. Президенти Тоҷикистон ҳам ба солномаи замону мардуми мозӣ тасодуфан рӯ наовардааст. Ҷасуру нотарс будан осон аст, агар зиндагиат бе ғаму ташвиш бошаду навмедӣ аз ноомади кор насиби дигарон. Вале чунин қисмат на ҳар касро насиб мекунад ва дар хусуси мураккабиҳои ҳаёту фаъолияти роҳбари сатҳи баланд ҳоҷати гап ҳам нест. Заҳмати ӯ дар доираи рӯзи корӣ маҳдуд намешавад, ченаки он шабонарӯзҳову моҳҳову солҳои пур аз фикру хаёл, қабули қарорҳои муҳим, таҳлили пайвастаи дастоварду нақшаҳоест, ки бояд амалӣ шаванд.

Мо Президентро ҳамеша муназзаму озода ва пурғайрат мебинем, суханрониҳояш мушаххасанд, ба ҳар як сокини ҷумҳурӣ нигаронида шудаанд ва аз ин рӯ, саршори боварбахшоиву самимиятанд.

Вале Эмомалӣ Раҳмон аз солномаҳои таърих на танҳо мисолҳоеро мегирад, ки қаҳрамононаш пешраву муваффақанд. Чунки одамро мушкилот обутоб медиҳанду санҷишҳои гарон хислаташро мустаҳкам мекунанд. Ва Президент мардонагию устувории хешро бо ченаки он фарзандони халқаш месанҷад, ки барои ҳимояи Ватан ҷонашонро дареғ надоштанд ва барои ҳамин абадан дар хотири инсонияти қадрдон мондаанд.

Қаҳрамони халқи тоҷик Спитамен барои наслҳои баъдина намунаи ибрат гардид. Ӯ таҷассуми ватандӯстӣ, тимсоли муҳаббат ба сарзаминест, ки барояш ҷон фидо кард. Вале кам касон медонанд, ки Спитамен дар муборизааш бо истилогарон танҳо набуд, зарбаи аввалро бохтариҳо бо сарварии Катан ва Австан баргардонда буданд. Онҳо ба ҷаҳон нишон доданд, ки бо юнониёну мақдуниён мубориза бурдан мумкин аст, ҳаракати Искандари Мақдуниро ба сӯи Суғд боздоштанд ва бо ин амали хеш ба Спитамен имконият доданд, ки аз заъфу нотавонии истилогарони аҷнабӣ огоҳ шавад.

Катан фармондеҳи дастаи тирандозони Бохтар буд, Австан як ҳунарманди одӣ, вале ҳардуро эҳсоси ягонаи нафрат ба адӯ ва кӯшиши ба ӯ расондани зарбаи ҳар чӣ бештар муттаҳид месохт.

Лашкари бохтариён ҳамагӣ ду ҳазор сарбоз дошт. Албатта, ин миқдор барои он ки Искандари Мақдунӣ муқобилати шадид эҳсос кунад, хеле кам буд. Вале Катан ва Австан зидди истилогарон тактикаи то он замон номаълум — ҷанги партизаниро истифода намуданд. Бохтариён посбонҳои юнониро несту нобуд мекарданд, корвонҳои ғизо ва хӯроки аспҳояшонро ба даст меоварданд ва ҳаракати лашкари муҳташами аҷнабӣ ба ҷониби Суғд суст мешуд. Ба даст овардани чунин корвонҳо ҳоли лашкари Искандари Мақдуниро бисёр танг мекард. Нарасидани ғизо ва ему коҳ зудамалии лашкари Мақдуниро барҳам мезад. Таъмини лашкар мушкил шуда буд ва фармондеҳӣ наметавонист сари вақт ҳаракату фаъолият кунад.

Акнун корвонҳоро муҳофизони савора ҳамроҳӣ мекарданд. Вале Катан тактикаи боақлонаеро пеш гирифт: савораҳои ӯ рӯ ба фирор меоварданд, таъқибкунандагон аз паси онҳо ба дараи танг ворид мешуданд, ки дар пуштаҳояш пиёдагардон камин гирифта буданд. Аз ҳар сӯ ба сари мақдуниён борони тиру санг мерехт ва каме аз савораҳои адӯро аз он дом зинда берун омадан муяссар мегардид.

Искандари Мақдунӣ аз ғазаб дар худ мепечид. Ба чунин услуби мубориза ӯ бори аввал рӯ ба рӯ мешуд ва ҳеҷ роҳи хомӯш кардани алангаи муқобилатро ёфта наметавонист.

Чунин муҳорибаҳо барои бохтариён ҳам хисороти зиёд меовард. Вале аҳолии кишвари истилошуда комёбиҳои аёни сарбозони Катанро дида, ҳар чӣ бештар сафи онро пур мекард ва шумораи сарбозон ҳамеша дар сатҳи дилхоҳ қарор дошт.

Образнок бигӯем, лашкари Катан бори гарони истилогарон шуда буд ва онро аз ҳаракат ба сӯи ҳадафи асосӣ бозмедошт. Ҷолиб аст, ки касе аз бохтариён ба асорати мақдуниён намеафтод ва шоҳ Искандар намедонист, ки кадом қувва ба ӯ муқобилат мекунад.

Дар шӯроҳои ҳарбӣ ӯ лашкаркашони пираш — Антипатра ва Парменионро дашномборон мекард, таънаашон мезад, ки тадқиқу тафтишро, тавре ки мебояд, ба роҳ монда наметавонанд ва лашкар дар қаламрави мушкилгузар кӯр-кӯрона ҳаракат мекунаду мунтазам гирифтори ҳамлаҳо мегардад. Онҳо хомӯш мемонданд, чунки далели посухгӯйӣ надоштанд.

Дар ин байн вақти қимат аз даст мерафт ва агар то охири тобистон ағбаи байни Бохтару Суғдро паси сар накунанд, зимистонро дар ин ҷониб гузаронидан лозим меомад, ки ҳеҷ табъи дили Искандар набуд.

Оқибат тавассути хабаркашони зархарид шоҳи юнонӣ фаҳмид, ки лашкари бохтариёнро Катан роҳбарӣ мекунад ва онҳо ҳамагӣ ду ҳазор нафаранд. Пас аз ҳуҷум бохтариён ба гурӯҳҳои даҳ-бистнафарӣ тақсим шудаву ба кӯҳҳо паноҳ бурда, бо сокинони маҳалҳо меомезанд. Баъди он ки таъқиб поён ёфт, Катан сарбозонашро ҷамъ оварда, ҳамларо ба посбонону корвонҳои юнонӣ идома медиҳад.

Саҳари барвақт Искандар лашкаркаш Кратерро, ки муаррихон чун шахси бераҳму аҳдшикан тасвираш кардаанд, назди хеш хонда, ба торумор намудани бохтариён муваззаф сохт.

Кратер бо чеҳраи гирифта амри шоҳро гӯш кард.

- Чӣ хел нобудашон кунем? — гуфт ӯ. — Онҳо ба муҳорибаи калони рӯёрӯ намебароянд. Ба дастаҳои хурд тақсим шуда, гоҳ ин ҷо пайдо мешаванду гоҳ он ҷо. Ман наметавонам дар саросари Бохтар онҳоро думболагирӣ бикунам.

- Ман ба ту фармон медиҳам, ки онҳоро то нафари охирин несту нобуд кун! — оташин шуд шоҳ.- Чӣ хел мекунӣ, кори ту!

Кратер бо панҷ ҳазор сарбоз — се ҳазор пиёдагард ва ду ҳазор савора ба амалиёт пардохт.

Искандар бошад, бо лашкари хеш ба шимоли Бохтар, ҷониби ағбае ҳаракат намуд, ки дар он ҷонибаш Суғд ҷойгир буд.

Абри зардчаранги гарду ғубор рӯи издиҳоми бузурги одамону ҳайвонот доман густурда буд. Тобистон гарм омад ва аз субҳ то шом офтоби сӯзон атрофро мегудохт. Лашкар ҷамъуҷӯр, ба ҷузъу томҳои савора ва пиёда тақсим шуда, ҳаракат мекард.

Катану Австан маҷбур буданд қувваҳояшонро муттаҳид намуда, аз паси юнониёну мақдуниён раванд ва лаҳзаи мусоид дарёфта, ба сафҳои охири қӯшун ҳамла кунанд. Онҳо намедонистанд, ки Кратер имшаб бо ҷузъу томҳои пиёдаву савора аз Искандар ҷудо шуда, ба ақибгоҳи онҳо, ҷониби рӯди Окс рафтааст. Аҷнабиён касеро, ки дучор меомаданд, ҳалок мекарданд, то ки хабари амалиёташон ба бохтариён нарасад. Кратер се шабонарӯз дар кӯҳҳо пинҳон шуда, боз ба пайвастан бо қӯшуни асосии мақдуниён майл намуд. Савораҳои ӯ аз ду ҷониб тавре ҳаракат мекарданд, ки лашкари Катан дар «амбӯр»- и байни қӯшуни Искандар ва дастаҳои Кратер монд.

Роҳи раҳоӣ набуд. Фиристодаҳои шоҳ Искандар пешниҳод карданд, ки бохтариён сари таслим фуруд оранд. Шарт чунин буд: сарварон бандӣ мешаванд, дигаронро баъди супурдани силоҳ, чаҳор тарафашон қибла. Пешниҳоди Искандар маккорона буд ва ба бохтариён, ғайр аз ду нафар, кафолати зинда мондан медод.

Хомӯшӣ ҳукмрон гардид. Катан лашкарашро аз назар гузаронда, дар чеҳраи ягон нафар осори манфиро надид. Касе сар фуруд овардан намехост, дудилае байни лашкар пайдо нашуд. Илоҷи охирин ба ҷанги Кратер рафтан ва кӯшиши рахна кардани сафи ­пиёдагардони вай буд.

Лашкарҳо дар доманакӯҳи танге рӯ ба рӯ омаданд. Оқибат лаҳзае фаро расид, ки Кратер дер боз интизориаш мекашид ва ҳеҷ бар нафъи бохтариён набуд. Юнониён ду баробар зиёд, хубтар мусаллаҳ ва бақувваттар буданд. Вале онҳо омада буданд, ки мутеу ғорат намоянд, бохтариён бошанд, халқу кишвари худро ҳимоя мекарданд ва аз ин рӯ, қатъияти бештар доштанд. Ҳақ ба ҷониби онҳо буд ва ин рӯҳбаландашон менамуд.

Дар ҷанги тан ба тан бо Кратер Катан кушта шуд, вале ин иродаи бохтариёнро, ки то ба охир мубориза бурданӣ буданд, шикаста натавонист.

Ҷангҳои партизании бохтариён, дер ҳам набошад, ҳаракати Искандари Мақдуниро ба умқи Шарқ бардошт. Он нишон дод, ки ин душмани қавӣ низ ҷанбаҳои заиф дорад ва бо ӯ мубориза бурдан мумкин аст. Ин аввалин шикасти ҳанӯз ба чашм ноаёни қаламрави бузурги Искандар буд, ки ҳарчанд яклухту заволнопазир менамуд, ҳамоно баъди марги асосгузораш аз ҳам пош хӯрд.

Муаррихон овардаанд, ки набарди мазкур басо бераҳмонаву хунхорона буд. Дар он панҷсад нафар пиёдагард ва саду бист ҳазор нафар саворони бохтарӣ ҳалок шуданд.

Кратер ғолиб омад.

Австан дар сафи пеш меҷангид. Таҷрибаи ҳарбӣ надоштанашро чусту чолокиаш ҷуброн мекард. Вақте ки ҳеҷ ба ӯ наздик шуда натавонистанд, фалахмон ба кор рафт. Кӯраи қӯрғошимӣ ҷавони шуҷои бохтариро аз по афканда, беҳуш намуд. Асирон зиёд буданд. Кратер туршрӯёна онҳоро аз назар гузаронда, фармуд, ки ҷуз Австан ҳамаашонро сар бизананд. Мехост ӯро чун далели анҷоми муқобилати бохтариён назди шоҳ бубарад.

Дастаи Кратер ба лашкари асосӣ расида, машғули фароғат шуд. Лашкараш аз пирӯзии хеш ва адами муқобилат дар Бохтар ба шоҳ хабар дод. Искандар бо ҳайрат Австани асирро аз назар гузаронд. Аз рӯи нақлҳо ин роҳбари исёнгарони бохтариро сарбози қавиҳайкал тасаввур менамуд, вале рӯ ба рӯяш инсони одие меистод.

- Аз исёнат алайҳи ман чӣ умед доштӣ? — пурсид Искандар. — Наход пирӯз шуданӣ будӣ?

Юнонии обичашм — сарбози кироя суоли шоҳро тарҷума кард.

Австан нахустин суҳбаташро бо Катан ба ёд овард, ки чун тақрибан ба ин шабеҳ пурсишаш кард, лабони вай ба табассум моил гаштанд.

- Занбӯре, ки аспро неш мезанад, чӣ умед дорад? — посухи ғайримунтазирае шунид шоҳи юнонӣ. — Занбӯр умед надорад, ки онро мағлуб месозад, вале асп аз дард чорхез зада, қаламрави занбӯрҳоро тарк мекунад.

- Ана, гап дар куҷо! — мад кашида гуфт Искандар.

Асир хандид.

- Тан бидеҳ шоҳ, мо бад неш намезадем! Албатта, ба лашкарат зарари бузурге нарасондем, лекин маҷбур кардем, ки думро хода кунад.

Искандари Мақдунӣ оташин шуда, ҳарфи тезутунде гуфтан мехост, вале Австан пешдастӣ кард:

- Дар атрофат даҳҳо сарбоз дорӣ, ман бошам, танҳоям. Фармо, аз банду кунда озодам кунанд, ки аз дарди рагу пайвандҳо ақлам тира мешавад ва ба суолҳоят посухи рӯшане гуфтан наметавонам.

- Кушоедаш, — амр кард Искандар.

Сарбозони юнонӣ бандҳоро кушоданд ва Австан бандҳои карахтшудаи дастонашро молидан гирифт ва вонамуд кард, ки пойҳояшро ҳам молиш додан мехоҳад. Хам шуд ва аз соқи мӯзаи нармаш баргаи оҳании тезеро бароварда, ба шоҳи мақдунӣ дарафтод. Умед дошт, ки Искандари бепарво фурсати аз зарба гурехтан намеёбад. Вале бохтарии содадил Искандарро, ки аз дувоздаҳсолагӣ сабақи разм гирифта буд, хуб намедонист. Шоҳ чолокона худро ба як тараф зад ва ҳамоно сипари муҳофизи ӯ ба сари ҳамлагар фуруд омад.

Искандари аз суиқасд ба ҷонаш хашмгин фармуд, ки Австанро ба қафаси оҳанин ҷо карда, аз паси қӯшун бубаранд.

Косиби ҷавони хуталӣ се моҳро дар қафаси оҳанӣ сипарӣ намуд. Рӯзҳо офтоб мегудохташ, шабҳо бадани нимурёнаш аз боди сард ях мекард, чашмони фурӯрафтаи сурхгаштааш аз гарду ғубори роҳи беохир пур мешуду пур. Бо пасмондаҳо сераш мекарданду аксаран об доданро аз ёд мебурданд. Австан лоғар шуд, мӯйҳояш расиданд ва батадриҷ ба пири нотавоне табдил ёфт. Посбонон таҳқираш мекарданд, ба баданаш найза мезаданд, вале ӯ гӯё дардро эҳсос намекард. Аз ӯ зории ҳақирона, тақозои хидмати садоқатмандона ба шоҳро интизор буданд, вале сарбози бохтарӣ хомӯш буд, бесадо дар кунҷи қафаси танг менишасту якнавохт ба пасу пеш алвонҷ мехӯрд, дар олами хаёлу андешаҳои гарони хеш на гузашти вақтро эҳсос менамуду на маҳрумиятҳои ҷисмониро.

Боре Искандари Мақдунӣ назди қафас омада, дурудароз ба асири бохтарӣ нигоҳ карда истод. Вай чашмонашро пӯшида, дар кунҷак менишасту якмаром алвонҷ мехӯрд.

- Якравиат чӣ маъно дорад? — пурсид шоҳ ва дурудароз ҷавобро интизор шуд. Австан хоҳиши посух додан надошт, танҳо дар лабони парсинбастааш аранге табассум ҳувайдо гардид. Искандар китф дарҳам кашида, аз қафас дур шуд.

Ҳодисаи дигар шоҳи юнониро бештар маҳбут кард. Бод фарши чӯбии қафасро бо чангу хок пӯшида буд. Австан онҳоро ғундоштаю бо оби боқӣ гил карда, бозичаи аҷибе месохт.

Искандар диққат дод: он масхараи ӯ буд! Оре, бозича ба мақдунии номӣ шабоҳат дошт, вале бинии дароз, гӯшҳои лаққа ва даҳони бефаровоз ба он намуди мазҳакавии аблаҳона мебахшиданд.

Шоҳ оташин шуда, посбонашро ҷеғ зад.

- Асирро раҳо кунед, — фармуд ӯ. — Сару рӯяшро шӯеду ришу мӯйлабашро бигиред, либоси тоза пӯшонеду сераш кунед. Ман бо вай суҳбат кардан мехоҳам.

Амри шоҳ ҳамоно иҷро шуд.

Бохтарии бемадорро ду сарбози юнонӣ бардошта оварданд. Искандар назди хаймаи хеш меистод, дар паҳлӯяш тарҷумон.

Австанро раҳо карданд, вале пойҳои бемадораш доштааш натавонистанд ва ӯ дар ҷояш нишаст, нигоҳаш беихтиёр ба чашмони шоҳ афтод ва бехудона хандид.

- Аз чӣ шодӣ мекунӣ? – пурсид Искандари Мақдунӣ.

- Ними дунё ба ту таъзим мекунад, вале ман дар ҳузурат нишастаам. Магар ин шараф нест?

Искандар бидуни хоҳиш табассум кард. Устувории асир ҳар чӣ бештар мафтунаш менамуд.

- Ту ҳайкалчаи маро сохтӣ? Наход ман ҳамин хел аблаҳсимо бошам?

- Ман ҳунарманди одиям, — гуфт бохтарӣ, андешаам низ одист. Чизе, ки ман меёбам, барои худам сарф мекунам. Чизеро, ки ту меёбӣ, баъди маргат наздиконат ғорат мекунанд. Оё барои онҳое, ки марги ту шодиашон аст, ҷон кандан аблаҳӣ нест?

Тарҷумони обичашми юнонӣ бо тарс ба шоҳ нигарист. Ӯ алангаи хашми шоҳро интизор шуд, вале Искандар ором буд.

- Агар озодат кунам, боз ҳам муқобили ман меҷангӣ?

Австан ба фикр фурӯ рафт. Ин посух бисёр чизҳоро ҳал мекард, вале боз ҳам ӯ дурӯғ гуфта натавонист.

- Агар халқ ба по бархезад, магар ман бетараф истода метавонам?

Шоҳи мақдунӣ бо ҳарфи ҳунарманди одӣ розӣ шуд.

- Кратерро ҷеғ занед, — фармуд ӯ. Вақте ки омад, дастур дод, ки озодаш кун. Куҷое хоҳад, биравад.

Искандар ба ҳунарманд озодӣ бахшид, вале фикри лашкаркашаш дар ин маврид дигар буд. Ӯ аз таҷрибаи хеш ба хулосае расид, ки танҳо душмани бе ҷон бехатар аст.

Кратер асири бохтариро дуртар аз қароргоҳи лашкари юнонӣ бурда, ба зери шонаи чапаш найза зад ва ба рӯди пуртуғёни кӯҳӣ тела дод. Ҷараёни муқтадир ҷисми Австанро ба оғӯш гирифта, сӯи водӣ бурд. Лаҳзае чеҳрааш дар қоби мавҷҳо рӯ заду бас.

Ин ҳикоят аз исёни бохтариён алайҳи истилогарони юнониву мақдунӣ, аз боби мардонагиву устувории роҳнамоёни онҳо — Катан ва Австан маҳол аст, ки ягон касро бепарво гузорад.

Маҳз ҳамин падидаҳои таърихи ҳамдиёрон устуворию ҷасоратеро ташаккул доданд, ки аз шарофаташон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба чашми хавфу хатарҳо бебокона нигаристанро омӯхт.

Вазъияти сиёсии тирамоҳи соли 1996 беҳад муташанниҷ буд. Рӯзномаву радиоҳои зиддиҳукуматӣ, воситаҳои ахбори хориҷӣ, нашрияҳои баъзе ҷумҳуриҳои ҳамсоя хабарҳои бардурӯғу туҳматангез паҳн мекарданд. Онҳое ҳам садо баланд карданд, ки бозгашти гурезаҳоро намехостанд.

Се сарвазири собиқи ҷумҳурӣ — Абдуллоҷонов, Самадов ва Каримов дар Маскав, дар Маркази фарҳанги Амрикову Россия, бо намояндагони воситаҳои ахбори омма вохӯрӣ ташкил карда, дар бораи таъсиси ҳаракати «Эҳёи миллӣ», ки ҳадафаш муттаҳид намудани ҳамаи қувваҳои зиддиҳукуматӣ буд, хабар доданд.

Аз Қӯрғонтеппа қисми ҳарбии полковники исёнгар Худойбердиев, ки ғаразҳои шахсӣ дошт, сӯи Шаҳринаву Турсунзода юриш сар кард. Дар Ӯротеппаву Хуҷанд ҷинояткорон ба намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамла намуда, қурбониву захмӣ ва хонаҳои зиёди сӯхта боқӣ гузоштанд.

Дар Қӯрғонтеппа гурӯҳҳои мусаллаҳ раиси комиҷроияи вилоят Шарифовро гаравгон намуда, ҳукуматро ба даст гирифтанд. Марзи Тоҷикистону Афғонистон суст нигаҳбонӣ мешуд. Одамон дар банди ваҳму ҳарос қарор доштанд. Дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон амалиёти ҳарбии қувваҳои мухолиф идома дошт. Воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ бо хабарҳое, ки гӯё тақсимшавии Тоҷикистон оғоз ёфтааст ва Президент Эмомалӣ Раҳмон ғайр аз кормандони дастгоҳаш ҷонибдоре надорад, водии Ҳисор соҳибихтиёр шуд, вилоятҳои Ленинободу Бадахшон, водии Вахш ба мақомоти марказии ҳокимият итоат намекунанд, водии Рашт бошад, пурра дар ихтиёри қувваҳои мухолифин қарор дорад, вазъиятро муташанниҷтар мекарданд.

Маҳз дар чунин шароите, ки ба ҷумҳурӣ хатари ҷиддӣ таҳдид мекард, Президент ба дуртарин гӯшаҳои кишвар як қатор сафарҳо анҷом дод. Мехост шахсан вазъияти маҳалҳоро мушоҳида намояд. Мекӯшид бо сокинони Помири баландкӯҳ вохӯрад, донад, ки онҳо чӣ хел кору зиндагӣ мекунанд, рӯҳияи аҳолии он чӣ гуна аст?

Ҷонибдоронаш Эмомалӣ Раҳмонро аз ин сафар боздоштан мехостанд. Далелҳои гуногун меоварданд ва пеш аз ҳама, таъкид мекарданд, ки сафар хатари бузург дорад. Касе кафолати бехатарии ҳаёти Президентро дода наметавонист.

Эмомалӣ Раҳмон тамоми мушкилоти сафари дарпешистодаашро ба минтақаҳои дурдаст дарк мекард, вале ҷасораташ назир надошт. «Ман Пешвои хонагии миллат будан намехоҳам, — посух медод ӯ. — Вазъи халқ душвор аст ва ман бояд ҳамроҳи ӯ бошам».

Дар он рӯзҳо ӯ зуд — зуд ба таърих рӯ меовард. Қаҳрамониҳои беҳтарин фарзандони халқи тоҷик рӯҳбаландаш мекарданд, бовараш мебахшиданд, ки сиёсати пешгирифтаи ҳамроҳи мардум буданаш дуруст аст. Магар барои Муқаннаъ, ки халқро алайҳи истилои аҷнабиён бархезонд, осон буд? Вале ҷонибдорони ӯ бо муборизаҳои шадид Мовароуннаҳру Хуросонро ба диёри аз хилофати араб озод табдил доданд.

Муборизаи Мунтасир алайҳи сулолаи қарохониҳо барои эҳёи давлатдории Сомониён дар асри XI чӣ? Магар ин далели рӯҳбахши он нест, ки талоши адолат ва ваҳдати халқ аз беҳбуди шахсӣ афзалтар шумурда мешуд?

Чунин рафтор созгори тинати Эмомалӣ Раҳмон набуд, ӯ ҳамеша ба чашми хатар нигоҳ карда метавонист ва аз ин рӯ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рафт.

Сафар осон набуд, ҳавои сарду боди шадид мевазид. Мулоқоти аввал дар Роштқалъа нишон дод, ки мардум ҷонибдори ваҳдат, оштӣ ва риояи қонунанд. Баъд чархбол дар Ишкошим нишаст. Он ҷо ҳам бо ҷамъомадагон оид ба имрӯзу фардои Тоҷикистон суҳбати самимию ошкоро сурат гирифт. Президент зикр намуд, ки истиқлолияти ҷумҳурӣ дастоварди пурбаҳои тамоми заҳматкашони он аст. Рушди минбаъдаи иқтисодиёт ва таҳкими соҳибихтиёрии кишвар вазифаи бисёрсола аст ва бояд бо ҷаҳду талоши умум ҳал бишавад.

Вақте ки чархбол ба Рӯшон наздик мешуд, хабар расид, ки вазъ он ҷо ноором аст ва беҳтар аст, ки парвозро идома бидиҳанд.

- Мешинем! — қатъӣ гуфт Президент. — Одамон чархболамонро диданд. Агар нашинем, ба тарсӯӣ гунаҳкорамон мекунанд.

Чархбол ба замин фуруд омад. Вақте ки «Волга» — савор ба маркази ноҳия мерафтанд, ҷангиёни мусаллаҳ роҳро бастанд. Қариб буд, ки задухӯрд сурат бигирад. Вале Президент тамкинро нигоҳ медошт. Ҳамраъйии ҳамроҳон ва хунсардии Эмомалӣ Раҳмон вазъиятро ба эътидол овард. Бо вуҷуди ин, ҳамроҳонаш исрор мекарданд, ки мулоқот бо мардум доир нашавад. Роҳбарияти ноҳия низ ба ин розӣ буд.

Вале Президент розӣ нашуд.

- Бо мардум суҳбат мекунем. Дар ин лаҳзаҳои душвор бояд бо онҳо бошем, вагарна роҳбарии мо як пул хоҳад буд.

Дар клуби ноҳия, дар мубодилаи афкор бо мардум Президент хеле фаъол буд. Ҳангоми суханронии ӯ ҳозирин чандин бор кафкӯбӣ карданд.

Президент гуфт: «То дар хонаи худамон сулҳ, оромии комил барқарор накунем, силоҳро бар замин нагузорем, ба эҳёи хоҷагӣ оғоз нанамоем, ягон ёрии бегона ҳаётамонро беҳбуд намебахшад. Биёед, таънаи тарафайнро бас кунему ҳамдигарро бубахшем, гузаштаи ногуворро аз ёд барорему бародарона дастфишорӣ карда, заҳмати созандаро пеш гирем. Мо танҳо бо ваҳдат Тоҷикистонро барпой кардаву ба сафи кишварҳои пешсафи дунё ворид шуда метавонем. Шукуфоӣ меваи сулҳ аст. Файзи бузург аст осоиштагӣ ва маънои зиндагӣ дар он аст.

Нутқи Президент ба дили ҳар як рӯшонӣ расид.

Баъд роҳро идома доданд. Дар як ҷо сӯяшон тирпарронӣ карданд, хушбахтона, касе зарар надид.

Чархбол ба ҳаво хеста, дар фазои Бартанг як давр заду қад — қади рӯди Панҷ равон шуд. Президент ба рӯзноманигороне, ки ҳамроҳаш буданд, рӯ овард: «Дар бораи рӯйдоди Рӯшон алҳол чизе нанависед. Истиқлолияту сулҳ осон ба даст намеоянд. Муҳим он аст, ки мо бо мардум вохӯрдем, рӯҳияашонро фаҳмидем, аз ҳолу эҳтиёҷоташон бохабар шудем. Ман ваъда додам, ки зиндагиашонро беҳбудӣ мебахшам ва албатта, ин корро мекунам».

Президент ба аҳдаш вафо кард. Тамоми хоҳиши кӯҳистониён ба инобат гирифтаву амалӣ шуданд.

Хотирнишинтарин сафар, сафари Мурғоб буд. Ногоҳ ҳаво вайрон шуд. Абрҳои сиёҳ поён фаромаданду борон ба барф табдил ёфт. Атрофро туман пӯшид ва чизеро дидан имконнопазир гардид. Чархбол ҳам дар чунин шароит қариб беилоҷ буд. Базӯр то маҳали чорводорон — Булункӯл расиданд. Вале илоҷи фаромадан набуд. Халабон пешниҳод кард, ки ба Хоруғ баргарданд ва ё 20 — 30 метр дуртар қад-қади роҳи мошингарди Хоруғ — Ош пеш раванд.

- Пеш меравем, — қарор дод Президент.

Вазъият воқеан ногувор буд. Атрофро дида намешуд ва халабон огоҳ кард, ки дар пеш кӯҳ аст ва хавфи ба он бархӯрдан аз эҳтимол дур нест.

- Пас, ягон майдони мувофиқ ёфта, шинед, — гуфт Президент. — Ҳавои мусоидро интизор мешавем.

Дар наздикии деҳаи Булункӯл фуруд омаданд.

Чанд дақиқа гузашта буд, ки аввал кӯдакон, баъд бузургсолон давида омаданд. Дер боз дар ин ҷо чархболҳо намепаридаанд ва ҳама бо ҳайрат онро аз назар мегузаронданд.

Эмомалӣ Раҳмон назди одамон рафт. Ӯро шинох­танду мутааҷҷиб шуданд. Ҳанӯз дар он ҷо телевизион набуд, радио кор намекард ва зуҳури Сарвари давлат дар ин гӯшаи дур муъҷизаро мемонд.

Суҳбат қӯр гирифт. Президент аз зиндагиву корҳояшон пурсон шуд. Сокинони деҳа ҳар яке ӯро ба меҳмонӣ мехонданд ва Эмомалӣ Раҳмон рад накард, бо навбат ба хонаҳои аҳли деҳа рафт ва дар ҳама ҷо чун шахси азиз истиқболаш намуданд.

Ҳамроҳонаш дар ин муддат мошине меҷустанд, ки то Мурғоб раванд. Як ҷавони булункӯлӣ «Нива» доштааст. Аз Хоруғ боз як мошин омад ва ҳама сӯи Мурғоб роҳ пеш гирифтанд. Он ҷо Президентро интизорӣ мекашиданд. Бинои омодакарда ҳамаи хоҳишмандонро намебурд ва ­Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки мулоқот бо мардуми ноҳия дар майдони кушод гузаронда шавад.

Президент дар бораи мушкилот суҳбат кард, ваъда дод, ки таъмини Бадахшон бо ғизо тавассути баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, бунёди роҳи Қулма — Қароқурум ҳал хоҳад шуд. Барои беҳбуди зиндагӣ фақат сабр ва ҷидду ҷаҳди умум лозим асту бас.

Пирони Мурғоб пайиҳам зикр мекарданд, ки ба чашмони худ бовар намекунанд, ки Президент ба наздашон омадааст. Дар ҳафтод соли Ҳокимияти Шӯравӣ ягон роҳбари аввали давлат ба ин минтақаи дурдасти Помир наомада буд. Ҷуз Шириншоҳ Шоҳтемур, ки бо ҳаёти мо аз наздик ошноӣ дошт.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли Мурғоб гарму самимӣ буд. Он хеле тӯл кашид. Дар ин байн туман пароканда шуд, чархбол парида омад ва Президент бо ҳамроҳонаш сафарашро идома дод.

Солҳои баъд Президент зуд — зуд ба Бадахшон мерафт. Дар мулоқот бо кӯҳистониён танҳо он чизеро ваъда медод, ки ба иҷрояш қодир буд. Исбот намуд, ки марди амал аст ва беҳуда ваъда намедиҳад. Эҳтироми мардум ба Сарвари давлат маҳз дар чунин вазъиятҳо ташаккул меёбад.

Сафарҳои Президент ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ давом мекарданд. Мулоқотҳо бо мардум имкон медоданд, ки нақшаҳои Ҳукумат дар ояндаи наздик ва дур муайян карда шаванд. Вале санҷишҳои ҷиддии мардонагию устувории Президент идома доштанд. Боз яке аз чунин имтиҳонҳоро Президент Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2001 дар Хуҷанд паси сар намуд.

Ато Ҳамдам

Леонид Чигрин