Вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн

№153-154(3454-3455) 13.11.2015

12219621_924829907587196_8162343718451850504_nБегоҳии рӯзи 12 ноябри соли 2015 дар Қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн мулоқот анҷом дод.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди минбаъдаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкорӣ баррасӣ шуд.

Зимни мулоқоти хоса Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн ҳавасмандии амиқи Покистонро ба густариши робитаҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон таъкид намуда, аз ҷумла изҳор дошт: «Покистон дарҳои худро ба рӯи Тоҷикистон боз кардааст ва мо омодаем, ки бо ҳамкории зичу пурсамар муносибатҳои худро ба сатҳи баланд ва ҷавобгӯи манфиатҳои ҳар ду ҷониб барорем».

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт: «Густариши ҳамкории гуногунҷанба, инчунин рушду таҳкими равобити ҳасана ва афзалиятноки иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Исломии Покистон яке аз самтҳои асосии ҳамкории хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад».

Робитаҳои сатҳу зинаҳои гуногуни ду ҷониб омили муҳим барои тавсеаи бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, дифоъ, амният ва фарҳангу маориф арзёбӣ гардида, таъкид шуд, ки он баҳри таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ имкониятҳои фарох муҳайё месозад.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки рушди босуботи иқтисодиёти Покистон барои мо имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Тавассути қаламрави ин кишвар Тоҷикистон метавонад ба наздиктарин бандарҳои баҳрии он – Қарочӣ ва Гвадар роҳ ёбад.

Вобаста ба афзоиши ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Покистон тайи солҳои охир зикр гардид, ки бояд дар давоми се соли оянда ҳаҷми тиҷорати дуҷониба то ба 500 миллион доллари амрикоӣ афзоиш дода шавад».

Дар мулоқот, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, инчунин оид ба масъалаҳои ҳамкории пурсамари ду кишвар баҳри истифодаи самараноки анборҳои бандари Гвадар ва минтақаи озодии иқтисодии Панҷ, таҳкими ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, мубориза бо терроризму экстремизм, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба нафъи кишварҳои минтақа гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

www.president.tj