Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Игор Додон

№117 (3911) 27.09.2018

30005753137_db9ceaa1d0_oИмрӯз дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон мулоқот намуданд.

Дар ҷараёни суҳбат вазъи имрӯзаи муносибатҳои ҳамкорӣ ва дурнамои он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Игор Додонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо кишвари Молдова манфиатдор аст.

Ҷонибҳо, инчунин, масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷонибаро дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баррасӣ карданд.

Аз вазъи муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо, мавқеи ҳамсони давлатҳо дар ҳалли мушкилоти минтақавию байналхалқӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои таҳкими ҳамкорӣ, ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Молдоваро оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ зарур шумурданд.

Ба роҳ мондани равобити дуҷониба дар самти содироту воридоти маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, аз ҷумла содироти меваи хушк ва асал ба Молдова, ҳамкорӣ дар бахши чорводорӣ, байторӣ, растанипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ, табодули таҷрибаи кишвари дӯст оид ба парвариши ангур, истифодаи технологияи муосир аз самтҳои муҳим маънидод карда шуданд.

Тарафҳо, ҳамчунин, ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои алоқаи фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф ва дигар бахшҳои барои мардуми ҳар ду кишвар судманд омодагӣ изҳор доштанд.

www.president.tj