Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Муҳаммад Ашраф Ғанӣ

№68 - 69 (4018 - 4019) 15.06.2019

48059117116_a1966fef17_o14 июни соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон, дар доираи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мулоқот карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот бо роҳбари давлати дӯсту ҳамсоя изҳори қаноатмандӣ карда, иброз доштанд, ки барои барқароршавии сулҳу субот дар Афғонистон ҳамчун омили таъмини амнияти минтақа ҳавасманд мебошанд.

Ҳамкории зич ва пайвастаи ниҳодҳои қудратию амниятии Тоҷикистону Афғонистон дар самти муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгаройӣ ва қочоқи ғайриқонунии маводи нашъаовар зарур шуморида шуд.

Ҷонибҳо таҳкими муносибатҳои дӯстонаву ҳамкории судманди Тоҷикистону Афғонистонро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, маориф, таълим ва фарҳанг баррасӣ карданд.

Дар мулоқот, ҳамчунин, оид ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

www.president.tj