Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Станислав Зас

№23 (4285) 20.02.2021

50955815527_7b4db784da_o18 феврали соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Засро ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти мамлакат ба самтҳои афзалиятноки раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СААД таваҷҷуҳ зоҳир намуда, нақшаи мувофиқашудаи амалиётро барои давраи оянда тасдиқ карданд. Дар ин зимн корҳои анҷомдода дар самти омодасозии нақшаи зикршуда ва хулосаи афзалиятҳои раисии Тоҷикистон бо ташаб­бусҳои сарони давлатҳои аъзои Созмон, ки дар иҷлосияи декабрии Шӯрои амнияти дастаҷамъии соли гузашта садо дода буданд, таъкид карда шуд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, вазифаҳои феълии Созмон ва баъзе аз масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти таҳкими ҳамкориҳоро дар доираи СААД барои муборизаи судманд бо тамоюли паҳншавии ғояҳои радикалии харобиовар дар минтақаи ­масъулияти Созмон, инчунин, мубориза бо киберҷиноятҳо ва дигар амалҳои ғайриқонунии истифодаи технологияи иттилоотӣ — коммуникатсиониро махсус қайд карданд.

Дар баробари ин, муҳимияти пурзӯр намудани корҳо ҷиҳати татбиқи Қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ «Дар бораи рӯйхати тадбирҳои иловагӣ оид ба паст кардани ташаннуҷ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Афғонис­тон» барои таҳияи масъалаи қабули Рӯйхати ягонаи ташкилотҳое, ки дар минтақаи СААД террористӣ шинохта шудаанд, таъкид гардид. Ҳангоми баррасии масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ ба мураккабшавии вазъи Афғонистон, инчунин, ба тамоюли афзоиши таҳдидҳои глобалии терроризм, экстремизм, шаклҳои гуногуни радикализм ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир низ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Дар робита ба ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкими неруи СААД-ро барои муборизаи самаранок бар зидди хатарҳо ва таҳдидҳои амниятӣ зарур шумурданд.