ҶАББОРОВ АБРОРҶОН АҲРОРОВИЧ


DSC_155024 майи соли 1979 дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба дунё омадааст. Маълумоташ олӣ.

Соли 2001 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимиро бо ихтисоси муҳандис-механик хатм кардааст.

Аз соли 2003 то соли 2006 омӯзгори донишгоҳи номбурда шуда кор кард. Баъд ҳамчун саҳифабанд ба рӯзномаи «Садои мардум» гузашт ва то соли 2008 дар ин идора фаъолият намуд.

Аз соли 2008 то якуми июни соли 2012 ба ҳайси ассистенти кафедраи «Информатика ва техникаи ҳисоббарорӣ»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ва ҳамзамон директори ҶДММ «Бахт ЛТД» кор кардааст.

Аз якуми июни соли 2012 ба ҳайси муовини котиби масъули рӯзномаи «Садои мардум» ба кор қабул шудааст.

Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Оиладор соҳиби 5 фарзанд.