БОБОЕВ МАҲМАДЁҚУБ РУСТАМОВИЧ

Бобоев2 январи соли 1968 дар ноҳияи Москва (Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ)-и вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Факултаи иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ДМТ)-ро соли 1995 ва шӯъбаи ғоибонаи факултаи ҳуқуқшиносии ҳамин донишгоҳро соли 2005 хатм намудааст.

Дар вазифаҳои коргари Заводи консервабарории ноҳияи Москва, сармуҳосиби ширкатҳои хусусии «Ситораи хушбахт», «Рустам», сардори шӯъбаи банақшагирӣ-молияи Иттиҳодияи савдои чаканаи «Хӯрокворӣ»-и ноҳияи Фрунзе (Сино)-и шаҳри Душанбе, сармуҳосиби Маркази тиҷоратӣ, бозорҳои «Деҳқон» ва «Шоҳмансур»-и Раёсати савдо ва бозорҳои назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, директори тиҷоратии ҶДММ «Сино» кор кардааст.

Аз соли 2005 инҷониб сармуҳосиби идораи рӯзномаи «Садои мардум» мебошад.