МЕРГАНОВ ДАЛЕР АБДУЛЛОЕВИЧ

(Далери Абдулло)

мергановСоли 1981 дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Соли 2003 факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ)-ро бо дипломи аъло хатм намудааст. Навиштаҳояш ҳанӯз замони донишҷӯй буданаш дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ба табъ расидааст.

Соли 2003 ба рӯзномаи «Садои мардум»-нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор омад ва чанд муддат ба сифати хабарнигори шӯъбаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёт фаъолият намуд.

Аз соли 2005 муҳаррири ҳамин шӯъба ва аз 22 майи соли 2014 то инҷониб ба сифати муовини Сармуҳаррир фаъолият намуда истодааст.

Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо медали «100-солагии матбуоти тоҷик» (2012) сарфароз гардидааст.