ФАЙЗАЛИЕВА ФАРЗОНА АБДУКАРИМОВНА

WhatsApp Image 2024-02-16 at 16.29.43 — копия (2)Соли 1986 дар деҳаи Сайф Раҳимзоди Афардии  ноҳияи Фархор ба дунё омадааст.

Соли 2009 факултети журналистикаи  Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуда,  аз ҳамон сол дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият»  ба ҳайси мутахассис, мутахассиси пешбар ва сармутахассиси шуъбаи фарҳанг ва иҷтимоиёт  кор кардааст.

Барои  тарғибу ташвиқи дастоварди олимон ба Ифтихорномаи Академияи миллии илмҳо ва барои саҳми фаъол дар инкишофи матбуот, тарғиби ормонҳои миллӣ ба Ифтихорномаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон сарфароз шудааст.

Аълочии матбуот, фарҳанг ва Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд