СОЛЕҲОВ НЕЪМАТУЛЛО ҲИКМАТУЛЛОЕВИЧ

(НЕЪМАТУЛЛО СОЛЕҲОВ)

солехов10 марти соли 1957 дар ноҳияи Ленин (ҳозира ноҳияи Рӯдакӣ) чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Маълумоташ олӣ. Соли 1982 Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ)-ро хатм намудааст.

Чанд муддат (1982-1989) дар мактабҳои миёнаи №83 ва 209-и ноҳияи Ленин аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфтааст. Солҳои 1989-1995 директори мактаби №60-и ноҳияи Ленин буд.

Солҳои 1995-1998 ба ҳайси котиби масъул, муовини Сармуҳаррири рӯзномаи «Нидои ранҷбар» фаъолият намудааст.

Соли 1998 ба рӯзномаи «Садои мардум» -нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор гузашт ва то соли 2003 ба сифати хабарнигор, мудири шӯъбаи ҳуқуқ, парламент ва ҳокимияти давлатӣ ифои вазифа намуд.

Аз моҳи ноябри соли 2003 инҷониб дар вазифаи муовини аввали Сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»-ро ба зимма дорад.

Бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.