СУЛАЙМОН СУЛТОНОВ

6 августи соли 1987 дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон дар оилаи рӯзноманигор таваллуд шудааст.

Соли 2005 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10- ноҳияи Бохтарро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, ҳамон сол ба факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав дохил шуд.

Соли 2010-ум донишгоҳи мазкурро бомуваффақият хатм намуд.

Баъди хатми донишгоҳ фаъолияти кориашро ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби №10-и ноҳияи Бохтар оғоз намуд.

Аз соли 2011 то соли 2017  ҳамчун муовини директор оид ба тарбия дар дабистони мазкур ба таълиму тарбияи насли наврас машғул шудааст.

Аз моҳи апрели соли 2017 ба ҳайси мухбири махсуси рӯзномаи «Садои мардум» дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон фаъолият намуда истодааст.