ТЕМУРШОҲИ ФАЙЗАЛӢ

15 декабри соли 1955 дар ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст. Соли 1972, баъди хатми мактаби миёнаи рақами 28-и ноҳияи Восеъ, то соли 1974 колхозчии колхози «Коммунизм»-и ноҳияи мазкур буд.

Солҳои 1974-1976 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Советии Сотсиалистӣ (СССР) хизмат намудааст.

Баъди хатми факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дар Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии рақами 16-и ноҳияи Восеъ ба пешаи омӯзгорӣ машғул гардидааст (1982-1983).

Сипас, дар вазифаҳои мухбир, мудири шӯъба ва котиби масъули рӯзномаи «Мубориз»-и ноҳияи Восеъ (1983-1993), муассис ва сарвари корхонаи хусусии табъу нашри «Баҳор» (1993-2000), муассис ва роҳбари гимназияи хусусии «Ориёно»-и ноҳияи мазкур (2000-2007), мухбири рӯзномаи «Омӯзгор» дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон (2007-2009) фаъолият намудааст.

Аз моҳи августи соли 2009 инҷониб ба сифати хабарнигори махсуси рӯзномаи «Садои мардум» дар гурӯҳи навоҳии минтақаи Кӯлоб ифои вазифа намуда истодааст.

Муаллифи маҷмӯаи «Аз додҳо то ёдҳо» (2000) мебошад.