Сатрҳои миннатдорӣ

«Садоқат» соҳиби варзишгоҳ гардид

№145 (3782) 07.12.2017

Деҳоти «Ватан»-и ноҳияи Фархор дорои беш аз 2700 хоҷагӣ ва 12 деҳа мебошад. «Садоқат» ягона деҳаи деҳоти мазкур буд, ки майдони варзишӣ надошт. Ҷавонони деҳа солҳои зиёд аз ин хусус ба идораҳои дахлдор муроҷиат кардаанд, аммо бенатиҷа…

 Вале ин дафъа, хушбахтона, талоши дӯстдорон ва мухлисони варзиш натиҷа бахшид ва деҳа аз ҳисоби фонди захиравии ҷамоати деҳот соҳиби майдони варзишӣ гардид, ки масоҳати он 1,08 га (90 ба 12 метр)-ро дар бар мегирад.

Ба ин муносибат ҷавонону наврасони деҳа барои мусоидат ба ин ташаббуси хайру ватандӯс­тона миннатдории худро ба роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ, алалхусус, ба раиси он Саймӯмин Ятимов ва муовини якумашон Мансурҷон Умаров, баён намуда, ваъда медиҳанд, ки дар масъалаи тарғибу ташвиқи варзиш чун омили асосии роҳандозии ҳаёти солим дар ҷомеа, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон саъю кӯшиш хоҳанд кард.

 Бо эҳтироми бепоён, аз номи сокинони деҳа,

Одинахӯҷа САФАРОВ