Теннисбозони наврас дар Душанбе маҳорат нишон медиҳанд

№104 (3898) 25.08.2018

DSC_1808Барои боз ҳам инкишоф ёфтани бозии теннис бори нахуст моҳи марти соли 2005 мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» доир шуд.

Минбаъд, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 2006 таҳти  № 340 ҳар сол ин мусобиқа дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

23 августи соли равон низ дар Қасри тобис­тонаи тенниси шаҳри Душанбе маросими кушодашавии мусобиқаи байналмилалӣ барои ба даст овардани «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» миёни наврасон доир гардид.

Онро муовини сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Маъмурзода, муовини якуми раиси Кумитаи варзиш ва ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ ифтитоҳ карданд. Сипас, Суруди миллии Тоҷикистон садо дод ва Парчами  миллии Тоҷикис­тон дар фазои тантанавӣ барафрохта шуд.

Ба майдон намояндагони дастаҳои теннисбозони навраси Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Бангладеш, Ҷумҳурии Қазоқис­тон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Украина ворид шуда, қуръапартоӣ дар намуди ҷуфтӣ гузаронида шуд.

Мусобиқа то 27 авгус­ти соли 2018 дар Корти тенниси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» идома меёбад.

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум».

Суратгир  Н. АЛИЕВ