Қаҳрамонӣ аз муштони зӯр

№105 (3090) 22.08.2013

- Армреслинг ё худ муштхобонӣ аз навъҳои нави варзиш аст, ки имрӯз оммавӣ гашта, оид ба ин намуд мусобиқоти ҷаҳонӣ доир мешаванд,- мегӯяд Зокир Комилов, устоди ин навъи варзиш, Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба гуфти ӯ, то имрӯз дар кишварҳои Осиё 13 чемпионат доир шуда, нахустин чемпионати Осиё оид ба армреслинг соли 2005 дар шаҳри Усткаменегорскии Ҷумҳурии Қазоқистон доир шудааст.

Узви дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ оид ба ин навъи варзиш Акмал Қодирови 31- сола, дастпарвари мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Истаравшан, иштирокдори 13 чемпионати Осиё оид ба муштхобонӣ буда, чемпиони 13- каратаи Осиё ва ҷоизадори ҳашткаратаи ҷаҳон маҳсуб мешавад.

- Дар чемпионати нахустини Осиё дар Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба дастхобонӣ дар вазни зиёда аз 90 кг ҷойи аввалро ишғол карда, соҳиби медали тилло ва унвони чемпиони Осиё шудам ва Худоро шукр, ки ин шарафро 13 сол инҷониб аз даст намедиҳам ва ҳунарам боиси боло шудани Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва садо додани Суруди миллии кишварамон мегардад, — мегӯяд бо ифтихор Акмал Қодиров.

Акмал Қодиров ҷавонмарди паҳлавонсурати тануманду болобаландест, ки ҳангоми қадамзанӣ каме мелангад, яъне маъюб аст. Соли гузашта дар чемпионати 12- уми Осиё оид ба армреслинг, ки дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон доир шуд, дар байни маъюбони ҳамвазни хеш якбора ду медали тиллоро соҳиб шуд. Яъне, ӯ дар ин мусобиқот бо ҳар ду даст иштирок мекунад ва дар сабқати ҳар ду даст ҳам ғолиби мутлақ гардидааст.

Аз 24 то 28 июни соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон чемпионати 13-уми Осиё оид ба армреслинг доир шуд ва Акмал Қодирови истаравшанӣ дар ҳайати 74 нафар намояндагони дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, боз соҳиби ду медали тилло шуд. Қобили зикр аст, ки аз 74 нафар варзишгарони тоҷик дар вазнҳои гуногун 34 нафарашон соҳиби медалҳои гуногун, аз ҷумла 12 медали тилло гаштанд.

- Армреслинг барои ҷавонони истаравшанӣ, — мегӯяд мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан Фозилҷон Бобоев, — навъи варзиши нав буда, метавон гуфт, ки омӯзишу тамрини он дар шаҳри бостонии мо таҳти сарпарастии варзишгари истаравшанӣ, нахустин устод оид ба дастхобонӣ Акмал Қодиров оғоз гардидааст.

Устоди варзиши байналмилалӣ, гирандаи идрорпулиҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилояти Суғд Акмал Қодиров худ имрӯз устоди касби хеш гашта, дар варзишгоҳи марказии шаҳр 12 нафар наврасонро машқ медиҳанд ва сирру асрори ҳунари дастхобониро ба онҳо меомӯзонад.

Хурсандиовар аст, ки панҷ нафар шогирдони Акмал Қодиров дар мусобиқоти ҷумҳуриявӣ аллакай соҳиби се ҷойи аввал гаштаанд.

-Имрӯзҳо фикру зикри ман ба омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон оид ба армреслинг, ки аз 24 то 28 сентябр дар шаҳри Софияи Булғористон доир мегардад, равона аст. Умед дорам, ки дар он ҷо ҳам соҳиби ду медали тилло гашта, шарафи кишвари азизамро ҳимоя хоҳам кард,- мегӯяд Акмал Қодиров.

Ба ӯ дар амалӣ шудани ин нияти нек комёбиҳо орзу мекунем.

Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»