Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

№66 - 68 (3703-3705) 06.06.2017

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (минбаъд ҶҲАТ) ҷиҳати иштирок дар озмуни тендерии харид, хизматрасониҳои боркашонӣ ва таъмири биноҳои хизматӣ аз тариқи иштироки номаҳдуд, ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии хоҳишмандро аз рӯи таснифоти зерин даъват менамояд:

1. Хариди хӯрокворӣ барои бепарасторон ва табақаҳои ниёзманд барои сокинони шаҳри Душанбе.

2. Боркашонӣ аз шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба минтақаҳои ВМКБ аз тариқи нақлиёти калонҳаҷми боркаш, ки ғунҷоиши молу маҳсулот дар онҳо аз 3 то 4 тоннаро дар бар гирад (Нақлиёт бояд дорои таҷҳизоти зарурӣ баҳри дар ҳолати хуб нигоҳ доштани онҳо бошад).

3. Таъмири «Маркази ҷавонон»-и бахшҳои ҶҲАТ дар ВМКБ ва минтақаи Рашт.

1. Довталабон барои гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва маълумоти иловагӣ дар бораи тендер метавонанд ба шуъбаи таъминоти моддию техникии ҶҲАТ ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Умари Хайём 120 муроҷиат намоянд.

2. Лифофаҳо бо пешниҳодоти довталабон аз ҷониби комиссияи махсусгардонидашудаи ҶҲАТ, тибқи тартиби муқарраргардида, кушода мешаванд.

3. Аз рӯи ҳар як лот дар алоҳидагӣ, нусхаи ҳуҷҷатҳо, аз қабили сертификат оид ба бақайдгирии расмӣ дар мақомоти давлатӣ ва маълумотнома аз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зерсохторҳои он дар хусуси ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ баромад намудан, инчунин мавҷуд набудан дар рӯйхати қарздор дар назди дигарон ва дорои сертификати дахлдор будани ташкилот лозим аст.

Талаботи дар боло овардашуда шартҳои асосии озмуни тендерии баргузоршаванда ба ҳисоб меравад.

Барои гирифтани маълумот ва таснифоти асосӣ ва иловагӣ хоҳишмандон метавонанд дар соатҳои корӣ бо рақамҳои телефони 224-42-85 ва 907013556 занг зананд ё тариқи расмӣ бо суроғаи: шаҳри Душанбе, кӯчаи У. Хайём 120 ба шуъбаи таъминоти моддию техникии «Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» муроҷиат намоянд.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон пурра ва қисман таклифҳое, ки дар онҳо нархҳои пешниҳодшуда нисбатан паст нишон дода мешаванд, қобили қабул намешуморад.

Муҳлати охири пешниҳоди таклифҳо  то 12 июни соли 2017, соати 900 бо вақти Душанбе муайян карда мешавад.