Қасри варзиш соҳиб пайдо кард

№114 (3751) 26.09.2017

DSC_2985«Қасри варзиш»- и шаҳри Душанбе замоне яке аз муҳимтарин иншооти варзишии кишвар маҳсуб меёфт. Мусобиқаҳои муҳими сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ оид ба намудҳои гуногуни варзиш маҳз дар ҳамин ҷо гузаронида мешуданд. Яке аз намоишҳои машҳури телевизиони Тоҷикистон – «Майдон аз далер аст» низ асосан дар ҳамин толор наворбардорӣ мегардид. Нахустин маҳфилҳои якҳарбаҳои шарқӣ, мисли каратэ ва таэквондо, дар ҳамин қаср ба вуҷуд омадаанд. Дар гузашта ҳар варзишгар ва ҷавони одӣ ҳам орзу мекард, ки боре дар ин толор қувва озмояд ё лоақал дар қатори тамошогарон нишаста бошад. Аммо на ба ҳар кас чунин имконият даст медод. Вале замоне дари ин варзишгоҳи машҳур баста гардид, маҳфилҳои варзишӣ пароканда шуданд ва дигар ҳеҷ гуна чорабиние дар он гузаронида намешуд. Метавон гуфт, ки ин варзишгоҳро фаромӯш кардем.

Қасри варзиш дар ибтидо ба ташкилоти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикис­тон тааллуқ дошт. Вале чанд сол он аз тавозуни ин ташкилот бароварда шуда буд. Азбаски варзишгоҳ дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҷойгир аст, чанде пеш бо мақсади муайян намудани соҳибони он ба кормандони масъули мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур муроҷиат намудем. Онҳо изҳор доштанд, ки алҳол ба кӣ тааллуқ доштани варзишгоҳ маълум нест.

- Раиси ноҳия борҳо ба масъалаи варзишгоҳ таваҷҷуҳ намуданд. Ба наздикӣ, ба соҳиби пешинаи он – Иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ ва ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муроҷиат карданд, ки тақдири варзишгоҳро муайян намоянд, — гуфт мудири шуъбаи ҷавонон ва варзиш Муҳаммадтолиб Ҳусейнов. — Аминем, ки ин масъала ба зудӣ ҳалли худро пайдо менамояд.

Агар имрӯз аз назди ин муассисаи бошукӯҳ гузаред, эҳсос хоҳед кард, ки муддатҳои тӯлонӣ соҳибе надоштааст. Атрофи бино ҳанӯз ноҳамвор, сабзаҳо сӯхта, дарахтон ҳоли зоре доранд…

Вале чанде пеш хушхабаре расид, ки муассисаи варзишии фаромӯшшуда ба соҳиби аслиаш баргардонда шудааст.

- Чанд муҳлат варзишгоҳ хилофи қонунҳои мавҷуда ба ҷамъияти саҳомӣ табдил дода, аз тавозуни Иттифоқҳои касаба бароварда шуд, — мегӯяд раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми ҷумҳурӣ Одиназода Рамазон Сафар. -  Вале муассис муддатҳо аз уҳдаи ободу зебо ва ҷавобгӯйи талаботи стандартиву байналмилалӣ гардондани он набаромад ва аз Федератсияи иттифоқҳои касаба дархост кард, ки биноро бозпас ба тавозуни худ гирад.

Бо дастгирии раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим ва қарори Шӯрои генералӣ пас аз омӯзиши парванда ва санадҳое, ки дар асоси онҳо Қасри варзиш ба ҷамъияти саҳомӣ табдил ёфта буд, бо дарназардошти вазъи молиявии федератсия дар рӯзҳои аввали моҳи август он ба Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. Вале бояд таъкид намуд, ки баъди ба тавозуни Кумита баргардонда шудани собиқ муассисаи варзишӣ ­таъиноти он тағйир намеёбад. Минбаъд низ муассисаи мазкур ба тарбия ва тайёр намудани варзишгарони ватандӯсту худшинос машғул хоҳад буд. Барои фаъолияти пурсамари он дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, Кумитаи давлатии ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ваколатдори давлатие, ки барои варзиш ва  солимгардонии ҷомеа масъуланд, мо кӯшиш хоҳем кард. Аз рӯзҳои нахустини ба тавозуни Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм баргаштани варзишгоҳ ҷиҳати истифодаи минбаъда ва таъмиру дигаргунсозии он нақша ва барномаи махсус тарҳрезӣ гардид.   Ҳоло корҳои таъмиру тармим дар варзишгоҳ оғоз ёфтаанд.  Минбаъд варзишгоҳ Маҷмааи варзишиву фарҳангӣ номида мешавад ва мактаби варзишии наврасону ҷавонон хоҳад буд. Мо тасмим гирифтаем, маҷмааро ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонем, то ин ки дар он на танҳо спартакиадаҳои  ҷумҳуриявию минтақавӣ, балки мусобиқаҳои байналмилалӣ низ гузаронида шаванд. Ҳамчунин, дар маҷмаа як меҳмонхонаи варзишии ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ сохта, ба истифода доданием. Сохтмони меҳмонхона дар арафаи анҷомёбист ва рӯзҳои наздик метавонад дарҳои худро ба рӯи ниёзмандон боз намояд. Яъне, меҳмонхона танҳо барои варзишгарон пешбинӣ нашудааст, дар ҳолатҳои имконпазир метавонад меҳмонону шаҳрвандони дигарро низ қабул намояд.

- Мо сохтмони толорҳоро барои гузаронидани ҷаласаҳои иттифоқҳои касаба низ дар назди маҷмаа дар назар дорем. Хулоса, онро обод хоҳем кард, ин муассиса дигар бесоҳиб нест, — гуфт Р. Одиназода.

 Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»